Миллати тоҷик бо китоб пайванди маънавӣ дорад

Январь 29, 2016 08:54

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, дар ин муддат китобхона хонандагони зиёди худро пайдо кард. Танҳо дар соли 2014 шумораи хонандагон нисбат ба соли 2013 30% ва дар соли 2015 40- 50 % афзоиш ёфтааст.

МухаммадикболСардори шуъбаи матбуоти даврӣ Муҳаммадиқбол Атоев мегӯяд, ки китобхона асосан дар чор самт фаъолият мебарад: китобнигоҳдорӣ, хониш, хизматрасонӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.
«Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву озмоишгоҳҳои тармими китоб, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотии муосир мебошад»,- илова намуд мусоҳиб.

Бино ба гуфтаи М. Атоев, дар китобхона 25 толори хониш бо 1 ҳазору 458 ҷои нишаст барои хонандагон фаъол аст. Аз ин ҳисоб 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ҷудо гардидааст. Китобхона дорои 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои нодир; нигористони китоб барои созмондиҳӣ ва баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ва намоишгоҳи китобҳои тозанашр мебошад.

МукаддасХонандаи синфи 5 мактаби миёнаи рақами 21-и пойтахт Муқаддас Муминова гуфт: «Ман бештари вақти холигии худро дар китобхона мегузаронам. Дар ин ҷо китобҳои дарсӣ, афсона ва рӯзнома мехонам. Инчунин ғайр аз хондани китобҳо ман дар ин китобхона ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул мешавам, зеро он ройгон аст».

МухториДокторанти ДМТ Қутбиддин Мухторӣ дар мавриди китобу китобхонӣ чунин ибрози андеша намуд: «Китоб аз қадимулайём дар ҳикмати халқи мо ҳамдаму ҳамнафаси беҳтарин барои инсон аст. Ҳар қадар, ки мо бештар мутолиа кунем, бештар китоб хонем, ҳамон қадар маърифати инсониямон баландтар мешавад. Агар барои ҷавонони солҳои 60- 70-ум танҳо мутолиа бо забони модарии худашон кифоя бошад, имрӯз ҷавононро мутолиаи китоб бо як забон қаноатманд карда наметавонад. Дар баробари мутолиа бояд дониши забондонии ҷавононро мустаҳкам кард.

ФаридунАспиранти ДМТ Фаридуни Умарбек мегӯяд, ки бешубҳа, яке аз дастовардҳои даврони истиқлол- ин таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. «Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки ҷавонон бештар рӯ ба китобхона оварданд».
Миллати мо бо китоб пайванди маънавӣ дорад

Дар таърихи башар аввалин китобе, ки ахлоқи комили инсониятро таҷассум кардаву як барномаи зист барои насли инсонро таҳия намудааст, “Авасто” мебошад ва боиси ифтихори мост.
4-уми сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд.
Дар сохтори Китобхонаи нав илова ба бахшу шуъбаҳои амалкунанда, шуъбаҳои нав, аз қабили «Шуъбаи менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», «Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи хонандагон, аз ҷумла маъюбон, нобиноён ва шахсони имконияти биноияшон маҳдуд шуъбаи нави “Хизматрасонӣ ба маъюбон”, толорҳои хониши махсус ва бунёди фонди китобҳои савтӣ (гӯёӣ) ва китобҳо бо алифбои Брайлер пешбинӣ шудааст. Мавриди истифода қарор додани бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ғоибхонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад. Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ имрӯз дар асоси яке аз барномаҳои маъмул ва дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «Aleph» (Алеф) ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур аз ширкати ExLibris дастрас карда шудааст. Ин барнома аз ду қисми асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандони китобхона ва қисми дуюм барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисми барнома бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ дошта, аз як манбаи маълумот истифода мекунанд.

Мусоҳиб Некрӯзи Муҳаммадсодиқ

Январь 29, 2016 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид