Паёми Президент-роҳнамои миллат

Февраль 11, 2016 07:17

Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). –Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд. То ба 31% паст рафтани сатҳи камбизоатӣ, ба 73,5 сол баробар гардидани синни миёнаи умр ва ба маротиб кам шудани фавти модару кӯдак, ки дар Паём зикр ёфт, шаҳодати сол то сол беҳтар шудани некӯаҳволии мардум аст.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки аз моҳи июли соли равон ҳаҷми музди ақали меҳнат ба 400 сомонӣ баробар, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ, мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқ, нафақаю кумакпулӣ ва стипендияи донишҷӯён зиёд карда мешавад. Барои амалӣ намудани ин тадбир аз буҷети давлат зиёда аз 1 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
Боиси хурсандист, ки дар Паёми имсола ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ низ эътибори хосса зоҳир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки дар давоми соли 2016 зиёда аз 200 ҳазор ҷои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар диёри худ бо ҷои кор таъмин шаванд.
Чуноне ки маълум аст, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои асосиву стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд. Иҷрои корҳое, ки дар Паёми имсола ба нақша гирифта шудаанд, расидан ба ин ҳадафҳоро наздиктар месозанд. Бо иқтидори 300 мегаватт ба кор даромадани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии пойтахт вазъи таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад.
Сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ асоси ҳама гуна пешрафту тараққиёт аст. Тири Абдуҳалим Назаров барин бадхоҳону душманони миллат ҳаргиз ба ҳадаф намерасад ва ҳатман хок мехӯрад. Аммо аҳли ҷомеа набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳанд, зеро замони муосир замони хатарзо, ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳост, ки бисёр ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дорад.
Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти моро барои соли 2016 ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард. Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бо шукрона аз давру замон ва шароиту имкониятҳои фароҳам овардашуда бунёдкорию созандагиро пеш гирифта, Тоҷикистонро ободу худро хушбахт гардонанд.

А. Хидиров, мудири бахши хадамоти матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

Февраль 11, 2016 07:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид