Боздошти шаҳрванд дар фурудгоҳ бо 30 000 $

Апрель 16, 2016 12:39

Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ва Прокуратураи нақлиёти кишвар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон С. А. Х. ҳангоми бо худ бурдани 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар зимни парвоз дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ боздошт гардид.
Ин амал зимни гузаронидани санҷиши такрорӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба ҳолати иҷрои қонунгузории танзими асъор ошкор гардидааст.
Дафтари матуботи Хадамоти гумруки назди Хукумати ҷумҳурӣ итттилоъ медиҳад, ки доир ба ин амали ғайриқонунии шаҳрванд С.А.Х аз ҷониби Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интиқоли асъори хориҷӣ ба хориҷи мамлакат ҳуқуқ доранд то 3 ҳазор долларро интиқол диҳанд. Дар сурати аз ин бештар бо худ пул доштан ва ё интиқоли он ба хориҷи мамлакат бояд онро ба расмияти гумрукӣ дароранд ва дар он мақсади интиқолу бо худ бурдани пул мушаххас гуфта шавад. Ин талабот ба шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл дорад.

Апрель 16, 2016 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
БА ПРЕЗИДЕНТ ВА БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! 29-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст