Такмили ихтисоси беш аз 70 нафар занони роҳбар

Апрель 30, 2016 10:38

Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 70 нафар занони роҳбар ва  дар захираи кадрҳобудаи мақомоти  иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар дар зарфи панҷ рӯз-аз 25 то 29 апрел  дар Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро гузашта, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Машғулиятҳо бо мақсади баланд бардоштани  донишу малакаи занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобуда  аз ҷониби Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти кишвар созмон дода шуд.
Дар муддати панҷ рӯз  олимону коршиносон ба шунавандагон-бонувони роҳбар  доир ба мавзуъҳои сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идоракунии захираҳои инсонӣ, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, пешгирии стресс дар фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ, нақши занон дар идоракунии давлатӣ лексия  мубоҳисаҳо гузарониданд.
Бояд тазаккур дод, ки курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ» гузаронида шуда, дар фарҷом ба шунавандагон маводҳои таълимӣ дар шакли электронӣ супорида шуд.

Апрель 30, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид