Э. Раҳмон: «CASA -1000 аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист»

Май 12, 2016 14:45

Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Лоиҳаи CASA -1000 ба ҳайси нахустин тарҳи байниминтақавӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 зикр намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тазаккур дод, ки кишварҳои иштирокдор дар татбиқи тарҳи CASA -1000 мавқеи устувор дошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд қодиранд тамоми мушкилоти вобаста ба раванди татбиқи онро ҳалл намоянд. Ба таъкиди Пешвои миллат ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост.

Май 12, 2016 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд