ВАО аз ивазшавии қарибулвуқӯи дабири кулли Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) хабар ёфтанд

Май 27, 2016 17:14

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК)  эҳтимол дорад  дар ҷаласаи навбатӣ, ки  ҳафтаи оянда  баргузор мешавад, дабири кули  навро интихоб намояд,- иттилоъ медиҳад «Интерфакс» бо такя ба навиштаи  «The Wall Street Journal». Ин  ягона амали мушаххасест, ки ОПЕК дар мулоқоти 2 июн  қабул мекунад,- зикр мешавад дар мақола.
Сенздаҳ кишвари шомили  ОПЕК, ки  бештар аз се як ҳиссаи маҳсулоти нафти ҷаҳонро назорат менамоянд, аз оғози суқути нархи нафт (тақрибан ду сол пеш) наметавонанд оид  ба як сиёсати ягона ба мувофиқа расанд. Дар мулоқоти моҳи июн ОПЕК ба  иваз кардани роҳбар тасмим мегирад, чун  Абдуллоҳ Ал-Бадрӣ  аз соли 2013 мехост  мансаби дабири куллро  тарк намояд,  вале ин корро бо сабаби набудани созишнома байни аъзои ОПЕК  дар мавриди роҳбари нав  наметавонист анҷом диҳад.
Нигерия Муҳаммад Баркиндоро, ки қаблан иҷрокунандаи вазифаи  дабири кулли  созмон буд, пешбарӣ кард. Ҳамчунин Венесуэла омода аст номзади худ- Алӣ Родригесро  пешниҳод намояд. Ба гуфтаи манбаъ, Индонезия, ки  дар моҳи декабри соли гузашта  боз шомили ОПЕК  шуд, , имконияти мувофиқро баррасӣ мекунад.

Май 27, 2016 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд