Ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати омодагӣ ва баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор

Июль 12, 2016 16:43

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати омодагӣ ва баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор — «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор шуд.
Баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор — «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт»  даҳаи аввали моҳи августи соли равон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Ин чорабинии байналмилалӣ идомаи тадбиру ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об  буда,  дар доираи ташаббусҳои нави байналмилалии Сарвари давлати мо оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор»  доир мегардад.
Тавре таъкид карда шуд, корҳои омодагӣ ба  баргузории ин чорабинии сатҳи баланд дар асоси Нақша — чорабиниҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида идома дошта, то имрӯз намояндагони беш аз 54 кишвари дунё иштироки худро дар кори симпозиум тасдиқ намудаанд. Дар доираи кори Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд  дар шаҳри Душанбе баргузории ду ҷаласаи пленарӣ ва ҳашт мизи муддавар дар мавзӯи «Об ва беҳдошт» дар назар дошта шудааст. Дар айни замон сомонаи интернетии Симпозиум фаъол гардонидашуда, хоҳишмандон метавонд доир ба масъалаҳои марбут ба кори он аз ин сомона маълумоти зарурӣ дастрас намоянд.
Сарвазири мамлакат, Раиси Кумитаи тадорукот ҷиҳати омодагӣ ва баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор —   «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт»  аъзои кумитаи тадорукот ва дигар масъулони соҳаҳои дахлдорро барои ташкил ва дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор намудани ин чорабинии дорои аҳамияти бузурги байналмилалӣ вазифадор намуд.
Таъкид гардид, ки ба 193 кишвар ва 190 ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони инфиродӣ даъватномаҳо фиристода шуданд.
Ҳамоиш майдончае барои муҳокимаи роҳҳои амалӣ гардонидани ҲРУ 6 ва вазифаҳои ҳадафӣ, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии навбатӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, хоҳад шуд. Маълумоти муфассалро оид ба Ҳамоиш метавонед дар сомонаи http://watersdg2016.org пайдо кунед.
ВодаЁдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли гузашта дар Форуми VII ҷаҳонии об дар шаҳри Тэгуи Куриёи Ҷанубӣ ширкат варзид ва пешниҳод намуд, ки даҳсолаи оянда  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» эълон шавад. Ӯ зикр намуд, ки аллакай дар соли 2030 50% аҳолии сайёра бо мушкилоти норасоии об, ки он то соли 2050 метавонад боз ҳам бештар шиддат ёбад, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, даҳсолаи охир, ки таҳти шиори «Об барои ҳаёт» сипарӣ шуд, таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, басомади офатҳои табиӣ, барои ба даст овардани ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар пешистода иҷозат намедиҳанд. Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳори боварӣ намуд, ки идомаи ин иқдом ба расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад кард.

Июль 12, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд