Ҷамъомади илмӣ дар мавзӯи «25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва рушди минбаъда» дар Исломобод

Сентябрь 13, 2016 09:11

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 2016 дар шаҳри Исломобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дар ҳамкорӣ бо Институти таҳлил ва тадқиқоти стратегии Покистон, Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва Институти омӯзиши сулҳ ва дипломатия ҷамъомади илмӣ дар мавзӯи «25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон:  дурнамо ва рушди минбаъда» баргузор гардид. Дар он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Воҳид-ул-Ҳасан ширкат намуд. Дар оғоз Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки бо шарофати истиқлолияти миллӣ баҳри худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон заминаҳои наву муҳим ба миён омаданд. Дар натиҷаи сиёсати стратегӣ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо гардид, ки Тоҷикистон аз буҳрони сиёсӣ ва фалаҷ шудани иқтисодиёт, ки бино ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада буданд, баромада, пешрафтҳои босуботи иқтисодиёт, корҳои бунёдкорию созандагӣ, сохтмони иншооти муҳими энергетикӣ, нақлиёт ва инфрасохтору нақлиёт, илму маориф ва иҷтимоиёт ба даст омаданд.
Шералӣ Ҷононов илова намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва самимии роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Покистон ба рушди бесобиқаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи соҳаҳо муосидат намуданд.
Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом барои Тоҷикистон муҳим мебошад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Воҳид-ул-Ҳасан ба симмати намояндагии расмӣ дар оғоз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, гуфт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ ноил гардида, ба яке аз кишварҳои муҳими минтақа мубаддал гардад. Вай илова намуд, ки Тоҷикистон барои Покистон яке аз кишварҳои муҳим ба шумор рафта, дар Покистон онро чун «дарвозаи Осиёи Марказӣ» эътироф менамоянд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ин мамлакти дӯсту бародар боз қодир аст ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтарро ба даст оварад.
Ӯ илова намуд, ки Покистон дар давраҳои  мушкил ва  беҳтари он ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.
Дар  ҷамъомад  намояндагони расмии Покистон, олимони варзида, сафирҳои собиқадор, тадқиқотчиёну таҳлилгарони сиёсии кишвари мазкур, рӯзноманигорон, олимон,  ҷавонону донишҷӯён ширкат доштанд.

Сентябрь 13, 2016 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд