Панҷакент: мулоқоти судманд ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ

Сентябрь 30, 2016 11:11

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадо оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд, инчунин огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуши ин ҳодисаҳои номатлуб сухан гуфт. Ҳамчунин кормандони шуъбаи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар атрофи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ суҳбати судманд карданд.
Намояндагони Кумита бо сокинони Ҷамоати деҳоти Саразм вохӯрданд. Зимни вохӯрӣ аз сарнавишти ҷавононе, ки фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудаву инак бо пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд, филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд.
Дар ин бора сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Некруз Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сентябрь 30, 2016 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд