Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоиза гардид!

Сентябрь 7, 2016 16:09

Душанбе, 07.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе расми ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳо барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон эълон шуда буд, доир гардид.

Тибқи қарори Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи самарабахши сиёсати хориҷӣ, сохтмони бинои  Вазорат ва сарраёсати консулӣ аз ҳисоби маблағҳои хироҷи консулӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ ва технологияҳои нав барои тайёр намудани шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатии мамлакат дониста шуд ва сазовори  Шоҳҷоиза ва 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

МИД

Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои гирифтани ҷои якум бо  Дипломи дараҷаи 1 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои  гирифтани ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд.   Мукофотҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибон  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  супорид.

Хотиррасон менамоем, ки дар маҷмўъ наздик  ба 412 ҳазор оила аз 300  ҳазор  хонавода,  4144  деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар Мусобиқа иштирок намуда, аз ҷониби комиссияҳо тибқи варақаҳои арзёбӣ  баҳогузорӣ гардидаанд.

 

Сентябрь 7, 2016 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд