Аз Паём то Паём: Дар Паёми Пешвои миллат таъкиди асосӣ ба масъалаи забономӯзӣ буд

Декабрь 21, 2016 15:10

nazarzoda-sДУШАНБЕ, 21.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки «бо назардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешанд». Дар робита ба ин ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст. «Дар Паёмҳо ҳамасола самтҳои асосии рушди иқтисоду ҷомеаи Тоҷикистон барои соли оянда тарҳрезӣ мешаванд. Болотар аз ҳама, самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат муайян мегарданд. Албатта, Паём дар ҳақиқат баёнгари рушди бесобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои осоиштагӣ аст. Ва махсусан дар риштаи илму маориф, ки имрӯз Президенти кишвар бисёр ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, як силсила вазифаҳо гузошта шуд, ки онҳо барои рушди илми Тоҷикистон бисёр муҳиманд».
Ба андешаи Сайфиддин Назарзода, бахши бештари маблағҳои Буҷаи ҷумҳурӣ, ки хусусияти иҷтимоӣ дорад, ба рушди соҳаи маориф сарф мешавад. Роҳбари давлат дар Паём зикр карданд, ки «танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
«Дар Паём ба рушди маориф ва соҳибмаърифатии ҷавонон, махсусан дар бахши забономӯзӣ ва андӯхтани донишҳои муосир таваҷҷуҳи хеле зиёд зоҳир гардид. Тавре маълум аст, Китобхонаи миллии Тоҷикистон боргоҳи илму маърифати кишвар маҳсуб шуда, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад. Имсол Китобхонаи миллӣ дар бахши бозомӯзии кадрҳо, тарбияи ҷавонон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба Китобхона корҳои зиёдро ба сомон расонид. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар донишҷӯёну толибилмони мактабҳои олӣ ва миёнаи кишварро ба ин боргоҳи илму маърифат ҷалб намуд. Ва ин иқдом бисёр натиҷаи хуб дод. Ҳудудан 22 ҳазор хонанда имсол ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. То ҳол дар минтақаҳои ҷумҳурӣ курсҳои бозомӯзии кадрҳои китобдорӣ вуҷуд надоштанд. Мо онҳоро ба таври сайёр аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Китобхонаи миллӣ ташкил намудем, ки ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рафта курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро дар маҳалҳо ҷорӣ намуданд. Курсҳои мазкурро бештар аз 150 нафар кормандони китобхонаҳои маҳалии ҷумҳурӣ хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд»,-иброз дошт С. Назарзода.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз навовариҳое, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷорӣ гардид, кушодани курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад . «Дар Паёми Пешвои миллат низ масъалаи забономӯзӣ яке аз супоришҳои муҳим буд. Мо тавонистем дар муддати кӯтоҳ омӯзиши чанд забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ, олмонӣ, кореягӣ ва чиниро ба роҳ монем. Ва ин иқдом натиҷаи хеле хуб ба бор овард. То ин дам 1481 нафар аз ин курсҳои бозомӯзӣ гузашта, соҳиби сертификат гардиданд. Мо ният дорем дар солҳои минбаъда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷиро ба таври васеъ ба роҳ монем»,- илова намуд Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Декабрь 21, 2016 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид