Аз Паём то Паём: Масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мутаносибан иҷро гашт

Декабрь 19, 2016 16:52

ДУШАНБЕ, 19.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки аз 1 июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда шавад.
Дар робита ба ин супориш бо сардори раёсати ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Наврӯз Самадзода суҳбат кардем.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, имрӯз музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ 400 сомониро ташкил медиҳад. «Дар ин замина корҳои мушаххас анҷом дода шуданд. Вобаста ба зиёд кардани музди меҳнат дар ҷумҳурӣ, танҳо аз моҳи сентябри соли 2012 нисбат ба моҳи июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат ду маротиба зиёд шудааст. Андозаи музди меҳнат дар соҳаи иқтисодиёт беш аз 76 фоиз афзоиш ёфта, зиёдшавии миёнасолонаи музди меҳнат дар давоми солҳои 2012 -2016- 19 фоизро ташкил дод. Дар ин давра музди меҳнати баландтарин дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ташкилотҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, минбаъд музди меҳнати баланд дар соҳаи молия ва қарз, нақлиёт ва алоқа ба назар гирифта шудааст. Музди меҳнати номиналии пасттарин дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, мақомоти давлатӣ ва мудофиа ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 фармони дахлдор қабул шуда, музди меҳнат аз моҳи июл дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шуд. Дар бахши давлатӣ пардохти музди меҳнат мунтазам буда, дар бахши хусусӣ ҳолатҳои қафомонӣ ё қарздории пардохти музди меҳнат мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, вобаста ба супоришҳои Паёми соли 2016 бояд гуфт, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мутаносибан иҷро гаштааст»,- илова намуд сардори раёсати ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Наврӯз Самадзода.

Л. ҚОСИМОВА

Декабрь 19, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид