Конфронси панҷум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд

Декабрь 1, 2016 14:24

Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.
Дар қисмати расмии конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ФР, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони воломақом сухан гуфтанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мактуби Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба ҳозирин ироа намуд: «Боиси хушнудист, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳои бонуфуз бо иштироки мақомоти давлатӣ, сохторҳои ғайриҳукуматӣ, доираи соҳибкорон ва коршиносон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар онҳо масъалаҳои калидии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуда, гуфтушунидҳои пурмуҳтаво оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ доир мегарданд. Русия ва Тоҷикистонро робитаи мустаҳками ҳамкории стратегӣ пайваст мекунад, ки мо онро самимона қадр мекунем. Ташкилкунандаи муҳими муносибатҳои дуҷонибаи мо ба таври анъанавӣ ҳамкории байниминтақавӣ, ки дар он зиёда аз 80 субъекти ФР ҷалб шудаанд, мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки маъмурияти минтақавӣ байни ташкилоти ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ муколамаи босамарро ба роҳ мондааст. Боварӣ дорам, ки ҷаласаи навбатии шумо барои беҳтар гардидани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, бунёди механизми ҳамкории байниминтақавӣ ва дарёфти ҳамкории нави минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард».
Баъд аз фарҷоми қисмати расмӣ корҳо дар суҳбатҳои «мизи мудаввар» оғоз гардида, мавзӯъҳои мубрами ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мавзӯи суҳбати «мизи мудаввар»-и якум ба «Рушди ҳамкории Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ» бахшида шуда, дар кори он масъалаҳои таъмин намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи барномаи воридотивазкунанда, муаммоҳо ва дурнамо, тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва бо техникаи кишоварзии истеҳсоли Федератсияи Русия таъмин намудани кишоварзон матраҳ гардиданд.
Дар суҳбати «мизи мудаввар»-и дуюм мавзӯи «Вазъ ва батартибандозии ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнати байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида, мукаммалсозии роҳҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар суҳбати «мизи мудаввар»-и сеюм масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои кумакрасонӣ ва робитаҳои бародарии байнимунисипалии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва инфрасохтори саноатӣ-нақлиётӣ» мавзӯи чоруми суҳбати «мизи мудаввар» ба ҳисоб рафта, масъалаҳои дурнамои таҳвили техникаҳои автомобилӣ, ҳамкории тарафайн ҷиҳати аз нав муҷаҳаз гардонидани таҷҳизоти барқии корхонаҳои саноатӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани самаранокии энергетикии корхонаҳои саноатӣ, бунёди роҳу кӯпрукҳо ва иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Дар кори конфронс намояндагони баландпояи ду кишвари дӯст ва шарик, ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, олимону коршиносон ва соҳибкорону сармоягузорон иштирок намуда, аз намоишгоҳи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Декабрь 1, 2016 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд