Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон фаъолияташро то охири соли 2016 ба анҷом мерасонад

Декабрь 1, 2016 09:27

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон фаъолияташро то охири соли 2016 дар Тоҷикистон хотима мебахшад. Дар ин бора аз Намояндагии мазкур хабар доданд.
Мақсади фаъолияти шӯро дар Тоҷикистон аз ҳифзи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва шахсони бешаҳрвандӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори онҳо барои расидан ба зиндагии устувор ва баланд бардоштани тобоварии онҳо иборат буд.
Шӯро соли 2010 дар Тоҷикистон таъсис ёфта, бо гурезагон ва шахсони бешаҳрвандӣ кор мекард.
Ташкилот инчунин омӯзишҳои касбӣ ва соҳибкориро ба беш аз 498 гурезаву паноҳҷӯянда омӯзонда, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва ғайриозуқавӣ таъмин менамуд. Соли 2016 шӯро Маркази муваққатии истиқоматиро барои 51 нафар  гурезагони тозаворидшуда  таъмир намуда,  моҳи июни соли равон ин биноро ба ВКД супорид.
Масъалаи гурезагон дар сатҳи ҷаҳон масъалаи хеле ҳассос ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон шумораи гурезагон марбут ба низоъ дар Афғонистон коҳиш ёфта, теъдодашон кам мешавад. Аз сабаби кам будани паноҳҷӯён дар Тоҷикистон ин ташкилот ба фаъолияташ дар ин ҷо хотима мебахшад.
Шӯрои мазкур ташкилоти ғайридавлатии башардӯстона буда, соли 1956 таъсис ёфтааст ва дар он  беш аз 40 давлати дунё фаъолият менамоянд.
Ташкилот фаъолияташро дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ бо дафтари марказӣ дар Кобул ва фаъолият дар Афғонистон, Покистон ва Эрон идома хоҳад дод.

Декабрь 1, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд