Паёми Пешвои миллат-роҳ ба сӯи бунёдкориву созандагӣ

Январь 17, 2017 10:09

ДЕВАШТИЧ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати тафсири бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва гурӯҳҳои тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми ноҳия роҳандозӣ  гардид. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Муҷун низ чунин мулоқот бо сокинони он доир шуд.
Зимни мулоқот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронда, дар бораи се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти  озуқаворӣ ибрози ақида намуданд.
Ҳамчунин яке аз ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Муҷун иброз дошт, ки  «эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон моро хеле рӯҳбаланд гардонид. Мо,  насли ҷавон тамоми донишҳои муосирро аз худ намуда, ваъда медиҳем  Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари пешрафта муаррифӣ намоем».

Январь 17, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд