Ҳусайн Идиев: «Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият Чойхонаи миллии Ашт ва Маркази савдои Восеъро ба истифода додем»

Январь 20, 2017 11:48

ДУШАНБЕ, 20.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Чойхонаи миллии ноҳияи Ашт, Маркази савдои ноҳияи Восеъ, тарабхона дар ноҳияи Зафаробод, дӯконҳои тиҷоратӣ ва ҷойҳои дорои шароити замонавӣ барои фурӯш дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Шаҳристон ба истифода дода шуд. Ин нуктаро Ҳусайн Идиев, Раиси «Тоҷикматлубот» дирӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигонрон иброз дошт.
Дар арафаи ҷашнҳои Истоқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз ва идҳои Рамазону Қурбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ва дастрас барои аҳолӣ баргузор гардид.
«Ҳамаи ин бунёдкорӣ имкон дод, ки дар соҳаи кооператсияи ҷумҳурӣ то андозае сатҳи некӯаҳволии кормандон баланд рафта, музди меҳнати онҳо зиёд гардад»,- зикр кард Ҳусайн Идиев.

Январь 20, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд