«Забони миллат-ҳастии миллат» арзиши баланди илмиву маънавӣ дорад

Январь 21, 2017 10:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар арафаи ҷашни Наврӯз китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забони миллат- ҳастии миллат» (Душанбе: Эр-граф, 2016. 516 саҳ) нашр шуда, дастраси китобхонаҳо гардонида шуд.
Тавре Пешвои миллат дар мавриди забон гуфтаанд: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст».
Мақсад аз иншои китоби «Забони миллат -ҳастии миллат»- ин огоҳ намудани шаҳрвандон аз таърихи забони миллати худ мебошад.
Китоб арзиши баланди илмиву маънавӣ дошта, метавонад дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари забони тоҷикӣ бошад.

Январь 21, 2017 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад