Заробиддин Қосимӣ бо Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом доир ба афзун намудани ҳаҷми дастгирии молиявии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат карданд

Январь 13, 2017 16:10

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ноиби раис, мудири иҷроии Сандуқи Саудии рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Дипломати тоҷик дар оғози суҳбат ба роҳбарияти мамлакат ва сандуқи мазкур барои дастгириҳои пайваста аз рушду нумуи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, ки аз тариқи маблағгузории имтиёзии лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос кард.

Ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми дастгирии молиявии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Январь 13, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд