Дар минтақаи Кӯлоб тарзи туризми дохилӣ роҳандозӣ мешавад

Февраль 2, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҷавонони шаҳри Душанбе аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тариқи қатора барои сайёҳат ба Кулоб сафар намуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардид. Сайёҳони ҷавон аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳр дидан намуда, бо ин шаҳри бостонӣ аз наздик шинос гардиданд.
«Мо ин иқдомро ҷонибдорӣ мекунем, зеро баъди ташрифи сайёҳони ҷавони душанбегӣ бисёр нафарони синну соли гуногун ба мо муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки ин тарзи туризми дохилиро дар минтақаи Кӯлоб низ ба роҳ монем. Муроҷиаткунандаҳо иброз намуданд, ки дар сурати ташкили ин усули сайёҳӣ онҳо метавонанд ҳуҷраеро оилавӣ киро намуда, дастҷамъона ба тамошои шаҳр бароянд. Ин беҳтарин усули сайёҳист, зеро мардум ҳам аз таърихи шаҳр огоҳ мегарданду ҳам он хеле камхарҷ аст. Ба сайёҳ дигар зарурати вақт сарф кардану дарёфт намудани меҳмонхонаи мувофиқ намемонад»,- гуфт сардори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов.

Февраль 2, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид