Кумитаи забон ва истилоҳот ба санҷиш баромад

Февраль 13, 2017 16:18

ШарофзодаДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 13 феврал то 1 марти соли равон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як қатор корхонаву муассисаҳои пойтахт, ки ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд, санҷиш мегузаронад.
Тавре ки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, санҷиш дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва банди 9-и Низомномаи Кумита сурат гирифта, тӯли як ҳафта гурӯҳи кории Кумита фаъолияти Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, КВД кино ва видеои «Тоҷиккино», ҶДММ «Тоҷикдиёр», «Саносинема», «Нурангез», «Адам», «Дарвозфилм», «Суҳайлсинамо», «Ҳамсадо», студияи «Амирӣ-медиа», студияи аудиовизуалии «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ва дигар студияҳои хурдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, ҳамзамон чунин санҷишҳо дар 17 бозори шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

Февраль 13, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд