Ҷӯра Ҳошимӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ: «Адабиёти бачагонаи Тоҷикистон ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадааст!»

Февраль 18, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 18.02.2017./АМИТ «Ховар»/. «Барои кӯдакон низ чун барои калонсолон, балки хеле беҳтар аз он навиштан лозим». Ин суханони дар миёни аҳри қалам кайҳо маъруфгаштаро гоҳе ба Максим Горкий, гоҳе ба Самуил Маршак ва гоҳи дигар ба Владимир Маяковский нисбат медиҳанд. Аммо муҳим он нест, ки кӣ гуфтааст, муҳим он аст, ки дуруст гуфта шудааст. Зеро кӯдакон бисёр нозук ва  ҳассосанд ва дунёи рангину хоси худро доранд, зиёда аз ин кӯдакон ояндаи моянд ва тарбияи дурусти онҳо масъулияти бузургеро талаб мекунад.

Дар бораи он ки   бори ин масъулият дар адабиёти имрӯзаи тоҷик бар дӯши кист ва онҳо чи гуна ин борро мебардоранд, мудири бахши адабиёти кудакони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯбдулло Рӯдакӣ Ҷура Ҳошимӣ (дар акс аз чап) дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳори назар кардааст, ки ҳоло фишурдаи ин суҳбатро ин ҷо меорем:

 Адабиёти бачагонаи тоҷик дар замони муосир, хоса даврони Истиқлол бахши муҳими тарбияи насли наврасро дар бар мегирад. Аз давраи ибтидо, яъне аз аввалин китоби барои бачаҳо офаридаи устоди сухан, адабиётшинос Турақул Зеҳнӣ бо номи «Таронаҳои бачаҳо», ки соли 1927 ба табъ расидааст, то имрўз ба мисли устод Айниву Лоҳутӣ сар карда, беш аз 100 адибон дар ҷодаи адабиёти бачагона камари ҳиммат баста, майдони адабиёти атфолро пурра сохтанд. Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ Мирсаид Миршакар ва дигарон аз нахустин ташвиқгарони адабиёти бачагона ба шумор мераванд.

— Устод, Шумо солҳои зиёд мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши адабиёти бачагона будед. Камбудиҳои адабиёти бачагонаи моро дар чӣ мебинед? Бо боварӣ гуфта метавонед, ки имрўз офаридаҳои адибони бачагонаи мо мувофиқи табъу завқи хонандагони хурдсоли тоҷик аст?

— Пештар, аниқтараш дар даврони шўравӣ, асарҳо бо рухсати Иттифоқи нависандагон чоп мешуданд. Аммо имрўз нашрияҳои мустақиле амал мекунанд, ки бе таҳрири дурусту амиқ китобҳоро ба нашр мерасонанд ва  ба талабот ҷавобгў будан ё набудани он диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳастанд офаридаҳое, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа хеле костаанд. Сабаби ин ҳамаро ман дар нарасидани мутахассисони адабиёти бачагона мебинам.

Чанд сол қабл яке аз муҳаққиқон ва адабиётшиносони эронӣ Ниюшофарини Ансорӣ меҳмони Тоҷикистон буданд ва дар суҳбате, ки мо перомуни адабиёти бачагонаи Эрон доштем, гуфта шуд, ки дар як муддати муайян дар Эрон 53 китоби бачагона чоп шуд, вале муҳассилини шўрои адабиёти кўдакона аз ин шумор  дар бораи ҳамагӣ се китоб андешаронӣ карданд. Аз ин бармеояд, ки ҳатто адабиёти бачагонаи Эрон барин мамлакати шеърпарвару адабиётдўст аз камбудиҳо холӣ нест.

— Офаридахои шоирону нависандагони бачагонаи мо то чӣ андоза ба хислату рафтори кўдакон таъсиргузор аст?

— «Олим шудан осон, одам шудан  мушкил», гуфтаанд бузургон. Воқеан мақсаду мароми адабиёт, илм, санъат, фарҳанг ва дин тарбияи инсон аст. Хусусан адабиёти кўдакон. Ҷанбаи тарбиявӣ доштани адабиёти бачагона бояд дар мадди аввал истад. Адабиёте, ки мавзўъҳои пандуахлоқиро дар худ таҷассум намекунад, он рисолату моҳияти худро аз даст медиҳад.

Як вақтҳо дар рўзномаи «Литературная газета» баҳсе оид ба адабиёти бачагона ба амал омад ва мунаққиде дар мақолаи худ иброз дошт, ки китоби барои кўдакон ва наврасон эҷодшуда бо як шеър ё ҳикояи пурмазмунаш рисолати худро анҷом дода метавонад.

Чура Хошими-0

 — Фаъолияти мунаққидони адабиёти бачагона чӣ гуна ба назар мерасад?

— Мегўянд, ки адабиёте, ки накд надорад, адабиёт нест. Муайян намудани ҳусну қубҳ, арзишу равиш ва мақоми адабиёт вазифаи мунаққидон аст. Вале мунаққиди асосӣ худи хонанда аст.

Мунаққиди варзидаи адабиёти бачагонаи мо доктори илмҳои филологӣ, муҳаққиқи соҳибтаҷриба Неъматҷон Файзуллоев буда, асареро дар мавзўи таърихи садсолаи адабиёти атфол хеле пурмуҳтаво ва батафсил эҷод кардааст. Ягона муҳаққиқе, ки дар ин самти адабиёт фаъолияти ҷиддӣ дорад, маҳз Неъматҷон Файзуллоев мебошад. Мунаққидони дигаре ба мисли Юсуф Акбарзода, Азимҷон Аминӣ, Абдушукури Абдусаттор ва дигарон ба накди адабӣ даст зада, асарҳои ҷолиби диққат офаридаанд. Ба хотири он ки фаъолияти мунаққидон бештар ба назар расад, бояд асарҳое офарида шаванд, ки кирои нақду таҳлил бошанд.

— Устод, саҳми навқаламонро дар рушди минбаъдаи адабиёти бачагона чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Он нафароне, ки ҳоло навмашқ ҳастанду қадамҳои нахустини худро дар маҷрои адабиёти атфол мегузоранд, фардо адибони баркамол шуда, мақоми худро соҳиб мешаванд. Имрўз навқаламоне рўйи кор омаданаанд, ки баъзеашон басо соҳибистеъдод ва навовар ҳастанд.  Чанд сол қабл шодравон устод Наримон Бақозода мегуфтанд, ки Ҷўра Ҳошимӣ ҷавонтарин адиби бачагона аст, ҳол он ки ман он солҳо 50-сола будам. Ҳоло бошад Муродалӣ Собир ҷавонтарин адиб мебошад, ки дар ин ҷода хеле пурмаҳсул аст. Ҳамроҳи Авлиёпур, Халифабобо Ҷумъазода, Муяссараи Карим ва дигарон аз шумори онҳоеанд, ки имрўз масъулияту бори гарони адабиёти бачагона бар ўҳдаашон вогузор аст.

 — Имрўз адабиёти бачагонаи тоҷик кадом мавқеъро соҳиб аст ва ба чӣ дастоварде ноил гардидааст?

— Имрўз раванди нави таърих бар дўши давлати тозаистиқлоли мо ва насли навраси тоҷик вазифаҳои басо мураккаб ва пурмасъулро гузоштааст. Барои насли нав, барои онҳое, ки ояндаро ба дасташон медиҳем, бояд хазинае ба ёдгор гузорем. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки нисбати афол ғамхору дилсўз бошем, то аз бузургу тавоно шудани эшон умедвор шавем. Яъне боз ҳам адабиёти бачагонаро қавӣ созем, чунки ҳамаи пирўзиҳо аз ин шоха сарчашма мегиранд. Ба ақидаи бархе аз муҳаққиқон гўё адабиёти бачагона вуҷуд надорад, аммо ин   хатост. Адабиёте, ки барои кўдакон офарида шудааст, бо усули хоси худ аз адабиёти калонсолон фарқ мекунад. Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб соли 1982 барои ашъори бачагонаашон сазовори Дипломи байналмиллалии ба номи Г.Андерсен гардида буданд. Аз ин бармеояд, ки адабиёти бачагонаи мо ба сатҳи байналмилалӣ баромада, мувофиқи талаботи шеъри ҷаҳонӣ аст.

Дар тарбияи насли нави даврони Истиқлол муҳим аст, ки ғояҳои озодӣ, демократия, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ва посдорӣ намудани фарҳангу забонамонро пойдор намоем. Адибони бачагонаи мо, ки дар роҳи мушкили адабиёти наврасон заҳмат мекашанд, бояд аз адабиёти бачагонаи ҷаҳон баҳравар бошанд.

Февраль 18, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид