Устод Айнӣ: «Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад …»

Февраль 15, 2017 17:39

ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалае, ки имрӯз аҳли адабиёт ва забони моро ба баҳсу мунозира кашидааст, мавзӯи баргашти дубораи ҳарфи «ц» ба алифбои забони тоҷикӣ мебошад.          «Имлои забони тоҷикӣ» дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ду маротиба-3 сентябри соли 1998 ва 4 октябри соли 2011 бо қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардид ва мавриди амал қарор гирифт. Ҳарчанд аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» он қадар муҳлати зиёд нагузашта бошад ҳам, ҳамоно дар матбуот ва баъзе нишастҳои расмӣ баҳсу андешаҳо атрофи он идома доранд.

Имлои забони тоҷикӣ таърихи тӯлонӣ дошта, аз давраҳои бостон доимо дар ҳоли тағйироту ташаккул аст. Таърих гувоҳ аст, ки баҳсу мунозираҳо дар атрофи имлои забони тоҷикӣ асосан аз ибтидои солҳои сиюми садаи гузашта, баъд аз ҷорӣ шудани алифбои лотинӣ дар Тоҷикистон оғоз шуда буд. Оғози ин баҳсу мунозираҳо асоси воқеӣ дошт. То ибтидои солҳои 30-юм дар Тоҷикистон алифбои арабӣ бо 28 ҳарфи хоси арабӣ ва 4 ҳарфи хоси тоҷикӣ ҷорӣ буд, ки он хусусияти консонантӣ, яъне ҳамсадоӣ дошт. Дар ин алифбо ҳамсадоҳо ва садонокҳои дароз бо ҳарфҳои алоҳида ва садонокҳои кӯтоҳ бо ишораҳо навишта мешуданд. Алифбои лотинии тоҷикӣ хусусияти фонетикӣ, яъне овоӣ дошт ва дар он ҳамаи овозҳои тоҷикӣ бо ҳарфҳо ишора мегардиданд. Ин алифбо 32 ҳарф дошт. Дар ин давра ҳам баҳсу мунозираҳо дар атрофи садонокҳо дар авҷ буд ва дар аввал барои садонокҳои забони тоҷикӣ 8 овоз муқаррар гардид ва сипас боз сари садонокҳои шашсадоии дарозу кӯтоҳ баргаштанд.

Дар соли 1940 забони тоҷикӣ ба алифбои русиасос гузашт. Дар асоси ин алифбо дар аввал барои забони тоҷикӣ 37 ҳарф муқаррар гардид (бо ҳузури ҳарфи ц ва аломати ҷудоӣ) ва имлои нави забони тоҷикӣ дар асоси алифбои кириллӣ қабул шуд. Соли 1954 бо ба сари ҳокимият омадани Никита Хрушёв ба алифбои тоҷикӣ боз ду ҳарфи русӣ (ы,щ) илова гардид ва алифбои забони мо 39 ҳарфро ташкил дод. Дар асоси ин алифбо қоидаҳои имлои тоҷикӣ ба таври мукаммал таҳия гардид ва ин имло то соли 1998 амал намуд. Дар соли 1998 имлои нави забон қабул гардид, ки дар асоси он аз алифбои тоҷикӣ чор ҳарфи хоси русӣ (ц,щ,ы,ь) бароварда шуд.

Пешниҳодҳо оид ба таҳрири нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар Паёми табрикии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон 22-юми июли соли 2003 қайд шуда буданд. Бинобар ин бо таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ яке аз вазифаҳои аввале, ки ин муассиса барои худ муайян кард, таҳрири нави имлои забони тоҷикӣ буд. Моҳи январи соли 2010 бо пешниҳоди ин Кумита Комиссияи таҳрири имлои забони тоҷикӣ таъсис ёфт, ки ба ҳайати он забоншиносони маъруфи кишвар шомил буданд. Баъди омӯзиш ва пешниҳоди комиссия 4 октябри соли 2011 «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» қабул  гардид.

Забони точик-2 Забони точик Забони точик-3

Масъалаи бознигарӣ ба алифбо ва имлои тоҷикӣ бо мурури замон боз ҳам дар натиҷаи тағйири имлои забони тоҷикӣ ва кам кардани ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ бо баровардани ҳарфҳои хоси русӣ собит шуда истодааст. Ҳоло ҳам алифбои русиасоси тоҷикӣ ба андозаи алифбои лотиниасос мӯъҷазу мувофиқ ба имлои забон нашудааст. Аксарияти ислоҳгариву ислоҳсозии алифбо ва имлои забони тоҷикӣ то имрӯз хусусияти муҳофизакорона ва мусолиҳаомез дошт. Ин равиш боиси он гардид, ки аксарияти иштибоҳҳои дар солҳои 30-юм ва 40-ум суратгирифта дар алифбо ва имлои тоҷикӣ то ба ҳол боқӣ монанд. Ин масъала ва нобасомониҳо дар алифбо ва имлои забони тоҷикӣ аз тарафи Устод Садриддин Айнӣ хеле дуруст ва борикбинона зикр гардидаанд. Устод Айнӣ дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) дар ин бора чунин менависад: «Дар ягон забони маданӣ, аз ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта, масалан, ба ҷои калимаҳои «анбор, занбар, ҷунбидан»-«амбор, замбар, ҷумбидан» менависанд. Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост». Агар ба давраҳои таҳаввулоти алифбо ва имлои забони тоҷикӣ, ки панҷ давраро дар бар мегирад, назар афканем, мебинем, ки танҳо дар се таҳрири имло (он ҳам дар даврони Шӯравӣ) солҳои 1940, 1954 ва 1972  ҳарфи «ц» истифода шудаасту халос.

Ба андешаи бархе аз забоншиносони давр, чор ҳарфи хоси алифбои забони русӣ: ь-аломати ҷудоӣ, ц-овози хоси русӣ (ин ду ҳарф соли 1940 қабул гардид), ы-овози махсуси русӣ ва дар байни мардум аз сабаби мавҷуд набудани чунин овоз «и»-и шасту як» ном гирифта буд (ин ду ҳарф соли 1953 ба алифбои мо ворид гардида буданд), бар асари сиёсати рӯз сари алифбои тоҷикӣ бе риояи қоидаҳои илмӣ бор шуда буданд, ки баъдтар аз алифбо хориҷ гардиданд. Яъне номи ҳарфҳо ҳам ба тарзи талаффузи тоҷикӣ мувофиқ карда шуданд. Имрӯз ҳарфи «ц»-и русӣ дар тоҷикӣ бо «тс» ва «с» навишта мешавад.

Тавре ки аз хулосаи мақолаҳои дар матбуот чопшуда ва ақидаву фикррониҳои донишмандон мебинем, имрӯз зарурати ислоҳи алифбо ва имлои забони тоҷикӣ пеш омадааст. Ҳоло дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати Комиссия «Имлои забони тоҷикӣ» аз нав таҳрир шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки асосан ба масъалаи истифодаи дурусти овозҳои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ иртибот доранд. Баъд аз таҳрири ниҳоӣ «Имлои забони тоҷикӣ» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар он алифбои забони тоҷикӣ аз 35 ҳарф иборат аст. Вале баъд аз таҳрири ниҳоии қоидаҳои  «Имлои забони тоҷикӣ» аз тарафи Комиссия пешниҳоди нав пайдо шудааст, ки ба алифбои забони тоҷикӣ ҳарфи «ц» илова карда шавад. Аз куҷо пайдо шудани ин пешниҳод барои мо норавшан аст. Баъди нашри ин мақола ақидаву назарҳои забоншиносони ҷумҳуриро пешниҳоди шумо мегардонем.

Мавҷуда АНВАРӢ

Февраль 15, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид