Дар шаҳри Исфара 250 ҷои кор пешниҳоди шаҳрвандон гардонида шуд

Март 10, 2017 10:25

ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҷаласа доир намуд. Дар ҷаласа намояндагони зиёда аз 80 оилаи муҳоҷирон иштирок намуданд.
Тавре аз шуъбаи хадамоти муҳоҷирати шаҳри Исфара иттилоъ доданд, дар ҳамоиш раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, намояндаи Раёсат Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара сухан карданд.
Яке аз масъалаи асосие, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буд.
Ҳамчунин дар ҷаласа 250 ҷои кор бо музди меҳнати аз 400 то 1350 сомонӣ пешниҳоди шаҳрвандон гардонида шуд.

Март 10, 2017 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид