Дар вилояти Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ва ФР оғоз гардиданд

Март 28, 2017 10:03

ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди вилояти Хатлон машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо тирпаронии ҷангӣ оғоз гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод, машқҳои муштарак то 30 март идома ёфта, чор марҳиларо дар бар мегиранд ва гузаронидани онҳо дар машқгоҳҳои ҳарбии Фахробод, Ҳарбмайдон, Ҳомиён, Сумбула, Ҳалқаёр, Ҷайралӣ ва Лоҳур пешбинӣ гардидааст.

Машгулиятхо дар Хатлон (1)Илова бар ин дар доираи машқҳои мазкур, Пойгоҳи 201-и ҳарбии Федератсияи Россия низ бо ҷалби қувва ва ҷузъу томҳо барои ҳамоҳангӣ ва амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар он ширкат менамояд. Дар баробари иштироки беш аз 40 ҳазор нафар ба маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ, инчунин беш аз 200 адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ, артиллериву автомобилӣ, 10 адад чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва дигар лавозимоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.
Ҷараёни баргузории машқҳо ва омӯзиши мавзўъҳои ба он пешбинишуда аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар ҳудуди гарнизони Хатлон- ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

Март 28, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». 60 нафар иштирокчии фаъоли озмун қадрдонӣ гардиданд
Ба ҷазираҳои Идзу ва Огасавараи Ҷопон сунами таҳдид менамояд
Дар Хуросон вобаста ба пешгирии хурофот ва ифротгароӣ бо ходимони дин вохӯрӣ доир гардид
Дар Фаронса мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд доир гардид
Дар Кушониён масъалаи хобонидани биокомпост дар шароити водии Вахш баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2705 гектар шолӣ кишт намуданд
Сохтмон, хизматрасонӣ, зеҳни сунъӣ: муштариёни Хатлон аз ҷузъиёти алоқаи мобилӣ огоҳ гардиданд
Дар корхонаи «Солиев С.К»-и Хуҷанд ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол гардидааст
Дар Эрон теъдоди ҳалокшудагони таркиш дар кони ангишт ба 50 нафар расид
Намояндагони Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Чин иштирок намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад