Маликшо Неъматов: «Муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар 25 сол пайваста рушд меёбанд»

Март 1, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ«Ховар»/. 28 феврали соли 2017 ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 25 сол пур гардид. Олмон нахустин кишвари Иттиҳоди Аврупо аст, ки муносибатҳои дипломатиашро аз аввали солҳои соҳибистиқлолии мамлакат  шурӯъ намуда, моҳи июни соли 1993 дар шаҳри Душанбе сафоратхона кушод. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ аввалин Сафорати худро дар қитъаи Аврупо дар Олмон соли 1994 ифтитоҳ намуд.

Имрӯз дар бобати 25-солагии истиқрори муносибатҳои Олмон бо Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан меравад. Дар асл  муносибатҳои дипломатии ҳар ду мамлакат таърихи тӯлонӣ дошта, дар марҳалаҳои нахустин ҳамчун як шакли дипломатияи оммавӣ оғоз ва густариш ёфтаанд.

Агар саргузаштҳои сайёҳи машҳур Марко Поло ва заҳматҳои нависанда ва дипломат Адам Олеареусро ба инобат гирем, пас шиносоии олмониҳо бо урфу одат, маданияту фарҳанги мардуми тоҷику форс ҳанӯз дар охири асри ХVI оғоз ёфта, таҳияи асари Гёте мавсум ба «Девони Ғарб ва Шарқ» барои муаррифии бештари мардуми форсзабон дар Аврупо такони ҷиддӣ додааст. Пешкаши ҳаводорони назм намудани дастхатҳои Гёте, ки соли 1819 чоп шуданд, ба як навъ муаррифиномаи мардуми бофарҳанги тоҷику форс дар давраи ҳаракати адабии «туғёну таъзиқ» мубаддал гардид ва муаллифро дар қатори Искандари Мақдунӣ, Марко Поло ва дигарон ба нахустин намояндаи дипломатияи оммавӣ мартабагузорӣ намуд. Он замон Гётеи аз ашъори классикони тоҷику форс баваҷдомада мардумро барои сафар ба зодгоҳи нобиғаҳои тоҷику форс ташвиқ намуд.

Ҳанӯз соли 1894 соҳибкори сарватманди олмонӣ Вилли Рикмер Рикмерс ба Самарқанду Бухоро сафар намуд, то тиҷорати худро ба роҳ монда, минтақаро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ӯ соли 1896 дубора тавассути Душанбе, Кангурт, Балҷувон ва Ховалинг ба водии Ёхсу расида, он ҷо соҳибкории худро дар қатори дигар аҷнабиён — истихроҷкунандагони тилло ба роҳ монд, то он даме, ки императори рус шаҳрвандони хориҷиро аз содироти тилло маҳрум намуд. Ин пажӯҳишгар солҳои минбаъда ба кӯҳҳои Фон, водии Зарафшон ва Қалъаи Хумб сафар карда, маълумот гирд овардааст, ки дар соҳаи пиряхшиносӣ бебаҳо арзёбӣ мешаванд. Нахустин аксҳои қуллаи Исмоили Сомонӣ соли 1928 ҳангоми экспедитсияи гурӯҳи олимони олмониву рус аз ҷониби Рикмерс бардошта шуда, ҳамин тариқ, сарзамини тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Натиҷаи таҳқиқоти ҷуғрофию табиатшиносии экспедитсияи иборат аз 22 нафар олимони олмониву рус дар асари шашҷилда зери унвони «Пажӯҳишҳои илмии экспедитсияи Алай-Помир соли 1929» гирд оварда шудаанд. Шахсан барои ман чунин нафарон нахустин дипломат, воситачиёни Ғарбу Шарқ маҳсуб меёбанд, ки тавонистанд новобаста аз шароити он замон бо ташаббуси худ ва ҳатто маблағҳои худӣ ҳазорон фарсахро тай намуда, кишварҳоро барои мардуми худ кашф ва муаррифӣ намоянд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар асоси ҳамшарикии боэътимод ҷараён дошта, ба густариши ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва ҷалби сармоягузорӣ авлавият дода мешавад. Дар ин давра миёни Тоҷикистону Олмон зиёда аз 40 қарордоду созишномаҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки самтҳои гуногуни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар ду кишварро фаро мегиранд. Олмон то ба имрӯз наздики 250 миллион евро маблағро дар чаҳорчӯби кумакҳои молиявию техникӣ ба Тоҷикистон ба хотири расидан ба рушди устувор пешниҳод намудааст.

Ҳар сол зиёда аз 50 — 70 нафар донишҷӯи тоҷик ҷиҳати таҳсил ва такмили ихтисос бо идрорпулиҳо ба Олмон сафар мекунанд. Тӯли 20 соли охир садҳо нафар донишҷӯ дар Олмон таҳсил намуда, қисме аз онҳо имрӯз ба халқу Ватан хизмат карда истодаанд. Мутаносибан дар донишгоҳҳои Ҳумболди Берлин ва Отто-Фридрихи Бавария забони тоҷикӣ ҳамчун як шохаи забонҳои нави эронӣ омӯзонида шуда, донишҷӯёни олмонӣ ҷиҳати такмили донишҳои забонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Боздидҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 ва моҳи декабри соли 2011 бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Олмон мавқеи муносиб дорад ва барои боз ҳам ҷоннок намудани сатҳи ҳамкорӣ имкониятҳои истифоданашуда вуҷуд доранд. Ташаббуси Созмони Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2007 ва идомаи он то соли 2020, Раванди Берлин, Дипломатияи об ва даҳҳо конфронсу симпозиумҳои баргузоргардида гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Сафари расмии Франк-Валтер Штайнмайер-собиқ Вазири корҳои хориҷии Олмон дар соли 2016 ба Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли равон Президенти федеролии Олмон интихоб гардид, дар муносибаҳои мутақобилан судманди дуҷониба саҳифаи наверо боз намуд. Дар ин сафар мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор гардиданд ва  ҷаноби Франк-Валтер Штайнмаерро гурӯҳи калон иборат аз намояндагони парлумон, соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои бонуфузи Олмон, аҳли илму фарҳанг ва рӯзноманигорон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ, машваратҳои сиёсӣ, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, ҳамоишҳои иқтисодӣ, форумҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва даҳҳо чорабинии дигар, ки ҳамасола байни Тоҷикистону  Олмон  баргузор карда мешаванд, баръало ҳис мегардад, ки доираҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Олмон нисбат ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса дошта, хостори ҳамкории бештар мебошанд.

Боиси хушҳолист, ки шумораи сайёҳон ва сафари соҳибкорони олмонӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 дарсад афзоиш ёфта, нишондиҳандаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва ҷаззобии кишвар ба ҳисоб меравад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ва Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон соли равон барои сазовор таҷлил намудани 25- солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон чандин барномаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва иқтисодию сармоягузориро пешбинӣ намудаанд. Дар ин замина Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкорӣ сатҳу сифати нав ба худ касб карда, муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар тақвият ёбанд. Ҳадафу вазифаҳое, ки аз сиёсати «дарҳои боз»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти гуногунҷабҳаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон мебошанд.

 

Маликшо НЕЪМАТОВ,

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон 

дар Олмон

Март 1, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд