Наврӯз – ҷашни эътидол ва назму низоми ҳаёти кайҳону инсон

Март 20, 2017 12:25, 89 хонанда
Навруз Шахнаме-5

ДУШАНБЕ, 20.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Таъкиди асосии мо дар ин гузориш он аст, ки Наврӯз ҷашни оламшумол, инсонмеҳвар, назму эътидол ва ҷаҳонӣ аст. Ин ҷашни зебо бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафаи инсонмеҳварӣ ва тафаккури васеъи ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди  давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор ва ҳатто баъзе аз ақвоми дигар низ онро бегона намешуморанд ва онро моли худ ё мансуб ба худ мешуморанд. Яъне падидаи ҷолиби фарҳангии Наврӯз он аст, ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи  Чину билоди Турк ва ақсои Ҳинд то соҳилҳои уқёнуси Атлас ва аз марзи Сибир то Халиҷи Форс ва Андалузиёву манотиқи Балкан ва Миср онро ба унвони ҷашни миллӣ ва қавмии худ пазируфта ва бо шукӯҳу шаҳомати хосае таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест роҷеъ ба таъсири фарҳангии тоҷикону дигар ориёинажодон бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам. Боиси  ифтихор аст, ки ин ҷашне, ки решаи зардуштӣ дорад ва ориёӣ дорад, ҳоло ба таври кулл ҳола василае ҷиҳати таҳкими сулҳу суббот миёни ақвоми мухталифе гардидааст.

Гузашта аз он, ба тасдиқи баъзе фарҳангшиносони хориҷӣ ва ватанӣ «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад: яке забони порсисту дигаре чашни Наврӯз».[1] Албатта, ин ҷо назари ин муҳаққиқ дар бораи «ду шаҳсутун» то андозае иғроқ аст, зеро пояҳои худшиносии мардуми ориётабор ва тоҷику эронӣ аз ин бештар аст. Бузургии Наврӯз он аст, ки он кайҳо сарҳадҳои забониву нажодиро убур кардааст ва моли тамоми мардуми дунё шадааст. Масалан, халқи эроннажоди курд забони курдӣ дорад, халқи пушту забони паштуӣ дорад, вале Наврӯз барои онҳо ҷашнӣ бузурги фарҳангиву таърихӣ ва як қисми ҳувияти милливу фарҳангии онҳост. Курдҳо имрӯз ҳам ҷашни Наврӯзро чун унсури муҳими ҳувияти миллии худ дар баробари арабҳо (ки дар қаламрави сиёсии онҳо арзи вуҷуд мекунанд) истифода мебаранд. Наврӯз, ки решаи вожагии он дар забонҳои қадимаи эронӣ- авастоӣ, портиву паҳлавӣ ва ғ. ва дар дарбори шоҳаншаҳони форсу ҳинд ва хоқонҳои турк низ бошукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мешуд. Вале ин масъала мавзӯи баҳси мақолаҳои минбаъда аст.

Навруз Шахнаме

Дар ин ҷо танҳо чанд ишороте  омад ба унвони далел бар асолату наҷобати Наврӯз ва хислати ҷаҳоншумулии он бо таъкид бар он ки: «Забонҳои мухталифи ориёии қадим ва баъдан порсӣ (точикӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣ ва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунанд. Ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халқ замонати бақои рӯзгори ӯст».  Ва инак, мисоле чанд роҷеъ ба Наврӯз ва инъикоси тасаввуроту боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири форсӣ таҷассум гардидаанд:

Ҷашни Наврӯз тараннуми зиндагии абадии кайҳону инсон, ҳаёти давргардони ҷаҳон, аз нав зиндашавии ҳаёт дар рӯи Замин, ки вобаста аст ба гирдгардонии кайҳон. Гирдгардон будани олам, яъне дар ҳолати тағйиру таҳаввули мудовиму даврӣ қарор доштани он, дар тасаввури аҷдодони мо як кашфиёти нави ҷаҳоншинохтӣ ва баъдан чун падидаи муқаррарии ҳаётӣ арзёбӣ гардидааст. Наврӯз тасвири ҳаракати абадии оламу одам аст. Ва ба фармудаи Одамушшуро Абуабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.

Ва бар асари ҳамин ҳолати гирдгардонӣ аст, ки:

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд[2]

Ва нуқтаи тавассули чунин як ҳолати гирдгардонӣ ва мубаддал шудани куҳна ба нав баҳору Наврӯз аст ва ҳатто:

Шояд ки марди пир бадин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ ба дил ёфт шубоб аз паи машиб.

Илова бар он, аз дидгоҳи Одамушшуаро, Наврӯз худ табибест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманд ва василает ҷиҳати ба эътидол овардани олами ҳастӣ дар сатҳи ҷомеа ва кайҳон:

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.[3] 

Яъне Наврӯз василаву намоди эътидол аст, чун он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳ миёни инсонҳо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат мебошад. Ва аз ин лиҳоз ба фармудаи Унсуралмаъолии Кайковус, «эътидол ҷузвест аз ақли кулл».[4]

Навруз Шахнаме-2Пас, аз ин дидгоҳ Наврӯз намоди ақли кулл маҳсуб мешавад.

Васфи Наврӯз бахусус дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ мақоми сазовор ва ҷойгоҳи баланде дорад ва ба унвони даврони пирӯзии некӣ бар бадӣ, ҷилваи шукӯҳу шавкати шоҳону шаҳриёрон, шукуфоии олам ва сарбаландию осоиши одам талаққӣ мешавад. Хаким Фирдавсӣ ба масъалаи Наврӯз аз дидгоҳи равобити фитрии инсон ва табиат ва куллан олами ҳастӣ менигарад ва ин ҷашнро пули иртиботе медонад ҷиҳати таҷдиду шукуфоии муштараки инсон ва кайҳон. Забони шево ва тавонои форсӣ (тоҷикӣ) имкон медиҳад, ки Ҳакими Тус дар нигориши вижагиҳои Наврӯз ба гунаи  шигифтоваре доди сухан диҳад ва хонандаро ба олами сеҳрангезу рӯҳнавози ин забон раҳнамун бошад ва мақоми Наврӯзро дар тадовуму такомули фарҳанги порсизабонон ба намоиш бигзорад.

Хаким Фирдавсӣ бо ишора ба тасаввуроти қадимии ақвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Масалан, дар «Достони Бежан», вақте ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад ва ба чораҷӯӣ назди Кайхусрав меравад ва аз ӯ барои дарёфтани гумшудааш ёрӣ мехоҳад,   шоҳи каёнитабор чунин посух медиҳад:

Бимон, то биёяд маҳи фарвадин,

Ки бифрӯзад андар ҷаҳон ҳурдин.[5]

   Бар он гаҳ, ки бар гул нишонад-т бод,

Чу бар сар ҳаме гул фишонад-т бод,

                               Бигӯям туро ҳар куҷо Бежан аст,

Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.

Яъне то замоне, ки Наврӯз фаро нарасидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам бингарад ва асрор ҳувайдо созад. Чаро? Зеро, ки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағйироти боризе фаро мегирад ва биниши фитрӣ ба бор меояд.

Ва чун Наврӯз фаро мерсад, Кайхусрав:

Яке ҷом бар каф ниҳода набид,

Баду андарун ҳафт кишвар бидид.

Замону нишони сипеҳри баланд,

Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.[6]

Наврӯз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, пушти сар шудани зимистону сармо ва фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуқтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Дар ин маврид низ Наврӯз оғози даврони нави эътидол ва назму низоми навинест дар зиндагии мардум, дар миқёси кишвар ва дар умури кишвардорӣ.

Ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ҳам аз мафҳуми Наврӯз ба унвони даврони сипарӣ шудани мушкилоти куҳан ва фаро расидани назми сурурафзои навин истифода менамояд. Аз дидгоҳи ӯ ин ҷашни муборак василаест ҷиҳати нафйи даврони пур аз мушкилот ва рӯй овардан ба тавфиқ:

 Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,

Бар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

                          Аз дӣ ки гузашт, харчӣ гӯӣ хуш нест,

Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Ғанимат донистани даврони зиндагонӣ бо фаро расидани Наврӯз маънии тоза пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо тамоми нафосату латофати худ зуҳур мекунад, нав мешавад ва назми тозаю назаррабое касб менамояд:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.

    К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.[7]

Навруз Шахнаме-3Дар ин рубоӣ боз як нуктаи ҷолиб ва тасвири хеле нозуке ҳаст: рухи лоларо шустани абр. Зеро равшан аст, ки абр тавассути борон рухи лоларо на танҳо дар айёми Наврӯз, балки дар дигар рӯзҳои сол низ мешӯяд ва ба он таровати тозае мебахшад. Вале ин ҷо ишора бар он аст, ки Наврӯз худ  айёми муборакест, ки тавони поксозии зохиру ботини оламу одамро дорад; ва чун он кудуратҳоро мезудояд, адоватҳоро аз миён мебарад, ҷаҳонро ба таври сеҳромезе тағйир медиҳад ва назму низоми навини хубиву некӣ эҷод мекунад, пас дар ин айём «азм ба ҷоми бода» намудан, яъне василаи шодмонию сурурро фароҳам овардан амалест дархури инсони равшанзамир.

Ҳамчунин ишора ба гузаро будани даврони зиндагӣ низ бо истифода аз нишонаҳои наврӯзӣ, яъне сабзаву марғзор, ки бо гузашти айём фанопазиранд, сурат мегирад.

Дар рубоиёти Хайём садои дилнавози мурғони нағмахон, бахусус булбул низ ба унвони намоди овоии (савтии) Наврӯз ҷилва мекунад:

          Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,

Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.

   Булбул ба забони паҳлавӣ бо гули зард,

  Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.[8]

Ва ин чо булбул маҳз ба забони паҳлавӣ (форсӣ, тоҷикӣ) нағма мепардозад ва бо муроҷиат ба гули зард, ки намоди навмедӣ ва бевафоии ёр аст, аз назми гирдгардони олам ва зарурати ғанимат донистани даврони шукуфоӣ хабар медиҳад.

Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мавзӯи Наврӯзро ба таври хеле шево ва барои офаридани мазмунҳои баланди ирфонӣ ба кор гирифтааст. Ӯ, ки дар ифодаи ҳолу аҳвол ва мақомоти орифон хеле чирадаст аст, Наврӯзро ба унвони паёмовар аз сӯи Дӯст ва барафрӯзандаи чароғи дил, яъне бахшандаи ваҷди орифона тавсиф менамояд:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.[9]

Инчунин «чароғи дил барафрӯхтан» тавассул ҷустан ба даргоҳи Дӯст аст, ки чун боди наврӯзӣ сафои рӯҳ мебахшад. Ва ин сафои рӯҳ дар навбати худ василаест ҷиҳати дарёфти назму эътидоли маънавӣ барои солик, ки раҳ сӯи манзили ӯро дар пеш дорад.

Яке аз вижагиҳои боризи ашъори Ҳофиз маҳз он аст, ки ҳар кас онҳоро мувофиқ ба ҳоли худ ва дар сатҳи тавони худ дарк мекунад. Вале ин гуна дарк дар ҳама ҳол ва барои ҳар нафаре, сарфи назар аз сатҳи омодагии маънавии ӯ, ҳақиқат дорад. Яъне чи ориф, чи файласуф ва чи наҳвӣ аз назми Ҳофиз чизҳоеро дарку фаҳм мекунанд, ки ба ҳолати маънавии онҳо созгор ва аз ҳар чашмандозе дуруст аст ва ба дард мехӯрад. Ҳарчанд, ки Хоҷаи Шероз бо эътирофи худаш «сухан дар парда» мегӯяд:

      Сухан дар парда мегӯям, зи худ чун ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.[10]

Дар ин ҷо Ҳофиз барои ифодаи эътидоли олами ҷисмонию рӯҳонӣ, ки аз тариқи такрор ва нафйи нафй, тавассути раванди гирдгардонӣ (тағйирпазирии даврӣ) зуҳур меёбад ва чуноне ки зикраш рафт, Наврӯз нуқтаи тавассули он аст, аз ибораи «мири наврӯзӣ» истифода намудааст. Зеро, ки мири наврӯзӣ, ки тибқи суннати қадим ба таври муваққат аз миёни омма барои саргармӣ ба унвони «ҳоким» интихоб мешуд, вале ҳукумати воқеӣ надошт, бо гузашти панҷ ё шаш рӯз аз ин мансаб маъзул мешуд. Яъне ин ҷо киноя аз зудгузарӣ ва нопойдорӣ аст.

Ва ҳамин зудгузарии муқаррар худ ҷузве аз эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ дар ин олам аст. Вале ҳар дафъа:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Хамин нигоҳи гузаро ба намунае чанд аз осори нобиғаҳои назми оламшумули форсӣ-тоҷикӣ гувоҳ бар он аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашни суруру шодмонии зоҳирӣ, балки як падидаи нодири фарҳангӣ ва суннатиест, ки бо худ рамзу рози эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҷаҳони ҳастиро ҳамроҳ дорад ва то ҳадди зиёде онро метавон ба унвони боландагӣ ва равшангарии рӯҳи ориёӣ талаққӣ кард. Ва дарки ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашни шукӯҳманди ниёгон ба таври ҳатмӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ таъсиргузор хоҳад буд.

 Муҳаммадсалом МАХШУЛОВ,

корманди пешбари илмии Маркази  синошиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, муҳаққиқи таърихи илм.

 

[1] Акбари Турсон. Пайвандгари наслҳо ва аслҳо. // Мачмуаи мақолоти пайки Наврӯз, мураттибон Баҳриддин Мирзоев ва Махфират Юсуфӣ, Душанбе, 2012, с. 14.

[2] Девони Рудакии Самарқандӣ, Теҳрон, интишороти «Амири Кабир», 1376 ҳичрии шамсӣ, с. 76.

[3] Ҳамон ҷо, с. 136.

[4] Унсуралмаъолии Кайковус. Қобуснома, Душанбе, интишороти «Адабиёти бачагона», 2014, с. 132.

[5] Ҳурдин – бодаи биниши фитрӣ.

[6] Фидавсӣ, Абулқосим . Шоҳнома, Теҳрон, интишороти «Суруш», 1381 ҳичрии шамсӣ, с. 201.

[7] Шинохти рубоиёти Умари Хайём, ба кӯшиши Гулрухсори Сафӣ, Душанбе, Пажуҳишгоҳи фарҳанги форси-тоҷикӣ, 2000, с. 133.

[8] Хамон чо, с. 139.

[9] Ғазалҳои Ҳофиз, тадвини доктор Салим Нисорӣ, Теҳрон, интишороти «ал-Ҳудо», 1371 хиҷрии шамсӣ, с. 394.

[10] Ҳамон ҷо.

Март 20, 2017 12:25, 89 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт мавсими нави обёрӣ оғоз гардид (2)Дар ноҳияи Ашт мавсими нави обёрӣ оғоз гардид
Дар Хучанд мучассамаиДар Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд
Cure for AIDSКумаки Хазинаи глобалӣ ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВМНО-и вилояти Суғд
Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон «Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оби ошомиданӣ» доир мегардадФоруми байналмилалии дӯстии ҷавонон оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба оби ошомиданӣ доир мегардад
Навчувонов Навруз дар ВКДАбдулло Навҷувонов: «Наврӯз-ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилист»
курб1Вазъи қурби асъор барои имрӯз
Дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Деваштич мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардидДар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Деваштич мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
исломӣ (IFSB) БМТОмӯзиши стандартҳои бонкдории исломӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон
Аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар барномаҳои наврӯзии шаҳри Шимкенти Қазоқистон иштирок ва ҳунарнамоӣ кардандАҳли фарҳанги Хуҷанд дар барномаҳои наврӯзии шаҳри Шимкенти Қазоқистон иштирок карданд
Тарма дар Хоруг-2Тарма дар шаҳри Хоруғ шаш хонаро тахриб кард, аммо, хушбахтона, ба одамон осеб нарасонд
Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва табобати бемории сил дар байни онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт 1Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва табобати бемории сил миёни муҳоҷирон баррасӣ гардид
Форуми байналмилалии сатҳи олии «омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси стандартҳо, аккредитатсия ва системаи профессионалӣ» дар Академияи илмҳоФоруми байналмилалии сатҳи олии «омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси стандартҳо, аккредитатсия ва системаи профессионалӣ»