Сафаргул Одинаева: «Эҳтироми якдигар ва муҳити солим дар оила инсонро ба муваффақият мерасонад»

Март 7, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 07.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  «Модар  воқеан нахустустоди  башарият аст ва  фарзанд каломи  аввалинро  аз ў меомўзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу  дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди  ў ҳам  босаводу  хушахлоқ  ба  воя  мерасад, ин ҳатто ба сатхи забондонии  модар  вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».                                         

Эмомалӣ Раҳмон

Сафаргул Одинаева, хатмкардаи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро дар ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедраи моделсозӣ ва информатика оғоз намудааст. Раисии Шӯрои бонувони факултети механикаю математикаро ба уҳда дошта, аъзои Шӯрои олимони факултет буд. Дар айни замон  ба ҳайси мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математика ифои вазифа менамояд.

Сафаргул Одинаева бо маҳорати баланди омўзгорӣ аз фанҳои методҳои барномасозӣ, Web-барномасозӣ, моделсозии математикӣ ва курсҳои махсус ба донишҷўёни факултет дарс мегўяд.

Зиёда аз 30 номгўй натиҷаи тадқиқоташ дар  маҷаллаҳои илмӣ, инчунин дар маводи конференсияҳои миллӣ ва байналхалқӣ чоп шудаанд.

Сафаргул Одинаева аз кӯдакӣ дар муҳите ба воя расида буд, ки бўйи илму маърифат дошт ва бўстони хушрангеро мемонд. Тавре худ мегӯяд: «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз». Маҳз падараш боис гашт, ки дар дили вай меҳри беандоза нисбат ба  фанҳои дақиқ пайдо гардад. Зеро аз овони тифлӣ падар таъкид мекард, ки «мафхуми математика ин илм аст. Ва агар ин илмро аз худ карда тавонӣ, калиди дигар улум дар дасти ту хоҳад буд». Сафаргул аз хурдӣ кӯшиш мекард асрори рақамҳоро омӯзад, то мисли падар гардад. Ин зани оқила мегӯяд, ки «агар инсон касби худро дӯст дораду шефтааш бошад, ҳеҷ душвориеро эҳсос намекунад, зеро муҳаббати касб болотар аз ҳама чизи дигар аст».

Ба фикри ин олими ҷавон барои ҳар як тоҷик, ки ғурур ва ифтихори миллӣ дорад, бехтарин ганҷ ин истиқлоли миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва сулҳу ваҳдат мебошад. «Дар баробари ин, фазои солими хонавода беҳтарин ва муҳимтарин омил барои ман аст. Зеро маҳз ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва муҳити солим дар оила инсонро ба муваффақият мерасонанд. Барои ман шавҳарам  энсиклопедияи зиндаи ман мебошад. Ҳар як масъаларо мо якҷоя баррасӣ мекунем ва бо пурра намудани иттилооти ҳамдигарӣ роҳи ҳалли онро пайдо мекунем»,-бо табассуми зебои занона илова намуд Сафаргул Одинаева.

Барои ин зани пуртаҷриба тавлиди  ду тифли ширинрӯву ширинзабонаш —  Азиза ва Абубакр фаромӯшнашуданист. Ҳар як ханда ва сухани ширини дӯстрӯяконашон барояш ҷаҳони пур аз муҳаббат аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода намудани мутахассисони замонавиро пайваста аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ҳукумат арзёбӣ менамоянд. Ба таъкиди Сарвари давлат: «яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити ҷаҳони муосир воситаи асосии рушди бомароми иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад, омода намудани мутахассисони касбии баландихтисос, дорои донишу малака ва ҷаҳонбинии муосири техникиву технологӣ мебошад».

Дар робита ба ин дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ силсилаи тадбирҳо андешида мешаванд. «Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи мо омўзгорон ба омода намудани кадрҳои баландихтисос равона мегардад. Зеро ба таъбири машҳур: «кадрҳо ҳама чизро ҳал мекунанд!». Пас, он мутахассисоне, ки мо тайёр мекунем, бояд бо стандарти байналмилалӣ омода шаванд ва тавонанд дар ташкили ҳукумати электронӣ ва амалӣ намудани барномаҳои давлатии технологияҳои коммуникатсионӣ фаъолона саҳм гузоранд. Пешрафти ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки барои таҳлили равандҳои воқеии кишвар, баҳогузорӣ ва баррасии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва идоракунии давлатӣ мутахассисоне дошта бошем, ки амалан дар ин замина кор карда тавонанд. Ин кори мудовим ва пайдарпай аст, ки онро тадриҷан амалӣ намудан лозим аст. Зеро замони имрўза замони ҷомеаи иттилоотӣ аст ва «моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ марҳалаи нави инкишофи тамаддуни инсонист, ки дар он авлавиятро равандҳои иттилоотӣ фаро мегиранд» ва ҳар касе, ки аз он монд, ба буҳрон дучор мешавад»,-андеша дорад ин омӯзгори пуртаҷриба.

Таваҷҷуҳи беандоза бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омода намудани мутахассисони сазовор омўзгоронро ҳидоят мекунад, ки дар ин масъала аз тамоми имконот истифода баранд. Зеро маҳз мутахассисони фанҳои дақиқ, ки дар заминаи факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон омода мешаванд, дар оянда барои рушди хоҷагии халқи мамлакатамон саҳмгузор хоҳанд гашт. Маҳз ин муҳити касбӣ имконият фароҳам овардааст, ки Сафаргул Одинаева баробари тарбияи сазовори шогирдон барои рушди илми тоҷик низ саҳмгузор бошад ва барои пайванди назария ва амалия собитқадамона талош намояд.

 

                                                                  Лайло ТОҲИРӢ

Март 7, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид