Сафири Тоҷикистон Файзулло Холбобоев ба Президенти Ҷумҳурии Молдова эътимоднома супорид

Март 25, 2017 09:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Қасри Президенти Ҷумҳурии Молдова 23 март маросими супоридани эътимодномаи Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев бо иқоматгоҳ дар шаҳри Киев ба Президенти Ҷумҳурии Молдова ҷаноби Игор Додон барпо гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи расмиёти кишвар ва муқаррароти ташрифотӣ, ба ифтихори Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон горди фахрӣ саф ороста, сурудҳои миллии ду кишвар садо доданд.

Сипас Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бинои Қасри Президенти Ҷумҳурии Молдова ворид гардида, дар толори расмӣ эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон супорид.

Пас аз ба анҷом расидани маросими супоридани эътимоднома мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Молдова боСафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он роҳҳои боз ҳам пурзуртар намудани ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоевро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Молдова табрик намуда, ба ӯ баҳри иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Молдова комёбиҳо орзу намуд.

Дар навбати худ Файзулло Холбобоев салому паёмҳои гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Молдова расонид ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳким ва густариши равобити созандаи ду кишвар, бо самту равандҳои ҷадид ғанитар сохтани онҳо ва густариш додани равобити Тоҷикистону Молдова дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иброз намуд.

Президенти Ҷумҳурии Молдова изҳори миннатдории худро баён сохта, манфиатдории  Молдоваро ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, инчунин, дар ҷараёни мулоқот муҳокимаи як қатор масъалаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Молдова, аз ҷумла, андешидани чораҳо оид ба барқарор намудани Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ вусъат додани заминаи ҳуқуқӣ, тавсеа бахшидан ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо ва мусоидат ба табодули фарҳангӣ сурат гирифт.

Файзулло Холбобоев изҳор намуд, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои дӯстона ва муносибатҳои шариконаи мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Молдова равона хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Молдова қайд намуд, ки соли 2018 барои Тоҷикистону Молдова соли ҷашнист, ба истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова 25 сол пур мешавад, бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Молдова, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Молдова даъват намуд.

Дар охир, Президенти Ҷумҳурии Молдова ба Сафири Тоҷикистон дар рисолати муҳимаш баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Молдова муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.

Март 25, 2017 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид