Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарон дар Хуросон

Апрель 6, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Хуросон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарони ихтиёрӣ бо иштироки наваскарон ва падару модарон баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода наваскарони ихтиёриро барои хизмати софдилонаи Ватанмодар, дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модар ва аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ҳидоят намуд. Сипас, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи консертӣ дар назди иштирокчиёни ҷамъомад баромад намуданд.

Апрель 6, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид