«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳри Хоруғ

Апрель 21, 2017 18:12

ХОРУҒ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 бо ширкати наздик ба ду ҳазор  нафар ҷавонон роҳпаймоӣ зери шиори «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор шуд. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, дорандаи стипендияи президентӣ Зайнура Кайковусова бо изҳори пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат изҳор дошт, ки «имрӯз ҳатто дар деҳоти дурафтодаи кишвар барои таҳсилу фароғати кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё шудааст. Сарвари давлат нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа таваҷҷуҳи беандоза дорад ва ҳамеша аз онҳо даъват мекунад, ки донишу малакаи худро такмил диҳанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, зеро замони муосир ба ҷавонони лаёқатгаро ниёзи бештар дорад».

Гурӯҳи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ барои иштирокдорони раҳпаймоӣ базми шеъру тарона баргузор намуданд.

Апрель 21, 2017 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид