Ба Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ беҳтарин номҳо ворид шудаанд

Апрель 19, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нашри китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бо теъдоди 10 ҳазор нусха хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Феҳристро нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намудааст. Китоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 2016 ба чоп тавсия шуда, он зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро дарбар мегирад.

Бино ба маълумоти масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳрист аз ду қисмат иборат буда,  бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона оварда шудаанд. Ҳамчунин дар фарҳанг шароит ва ҳолати имрӯзаи ҷаҳонӣ  ба инобат гирифта шудааст, ки дар сурати ба ин ё он кишвар сафар намудан шахс ба мушкил дучор нахоҳад шуд ва ё дар ҳуҷҷатгузории ӯ мушкиле ба вуҷуд нахоҳад омад. Зеро бо мақсади дуруст навиштани номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ  тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  оварда шудаанд, ки дигар ҷойи шубҳа ва ғалатгӯиву ғалатнависиҳо дар номи шаҳрвандон ба вуҷуд намеояд.

Бояд зикр намуд, ки мураттибон номҳоеро, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг,  ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии мо  ифодакунандаи далериву мардонагӣ мебошад), паррандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваҷоту сабзавот, ашёи рўзгору  масолеҳ ва монанди инҳо гирифта шудаанд, ба Феҳрист ворид накардаанд.

Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфта,  дар тӯли таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мад, мамад, маҳмад  корбурд мешуданд,  ба  Феҳрист дар шакли пурраашон Мадкарим – Муҳаммадкарим, Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон ворид гардидаанд.

Номҳое, ки вобаста ба минтақаҳои Тоҷикистон ҷинсияташон тағйир меёбад, Муҳаббат*, Равшан*, Меҳрубон* дар Феҳрист бо нишонаи ситорача дар охири ном (*) ворид карда мешаванд. Ситорача аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ном дар дигар минтақаи Тоҷикистон ба ҷинси дигар хос аст.

Дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар охири номҳои мардона танҳо пасвандгунаҳои «шоҳ» ва «оллоҳ\\уллоҳ» (новобаста аз баромади таърихиашон) дар ду шакл Давлатшоҳ\\Давлатшо, Абдуллоҳ\\Абдулло дода шудаанд. Ҳар ду тарзи навишт дуруст пазируфта шуда, интихоби он ба зиммаи номгузор гузошта мешавад.

Дар таърихи номгузории тоҷикӣ қариб ҳазор сол мешавад, ки мардум аз пасвандҳои —бег, -бегим, -хотун, -хоним, -хонум, -хон, -ҷон истифода мебаранд. Ба ҳамин хотир, дар баъзе номҳо, ки аслан барои фарқи ном аз рӯйи ҷинсият истифода мешаванд, пасвандҳои мазкур ҷой дода шудаанд.

Дар Кумита зикр намуданд, ки мураттибон дар пояи  суннати номгузорӣ ва меъёри номсозии  тоҷикӣ бо назардошти фарҳанги пурғановати миллӣ беҳтарин номҳоро ба Феҳрист ворид намудаанд, то зимни истифода шаҳрвандону сокинони ҷумҳурӣ дучори мушкил нагарданд.

Ба андешаи забоншиносон, дар ҳоли ҳозир тақлид ва пайравӣ ба ин ё он фарҳанг дар авҷ асту ҷавонони кишвари мо низ аз ин дар канор нестанд, зеро аллакай ҳангоми гаштугузор дар хиёбонҳо номҳои бегонаи хориҷӣ садо медиҳанд, ки ин оқибати хуб надорад ва дар оянда низ таъсири худро мегузорад. Ба ҳамин хотир, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, то як феҳристи мукаммалро пешниҳоди омма намояд.

Падару модарон  ва онҳое, ки ба насли наврас ном мегузоранд, бояд  аз гузоштани  номҳои мураккабу душворталаффуз, ки оқибати онҳо ба ихтисоршавӣ ва шикаста шудани номҳо оварда мерасонад, инчунин аз номҳои дорои маъноҳои зишту ноҳинҷор худдорӣ намоянд, чун ин вазъ дар кишварҳои абарқудрат ҳам аллакай ба мушоҳида расидааст ва онҳо мекӯшанд, то аз номҳое, ки аз ҷиҳати маъно дурушт буда, дар ҷомеа боиси масхараи ом мегарданд, худдорӣ намоянд.

Дар Кумита зикр карданд, ки «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, ҳадаф аз таҳияи он эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.

Тибқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тўра», «хоҷа», «хўҷа», «валӣ», «охун», «амир», «сўфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст.

Ифтихор (2)Ифтихор Самадзода, муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» китоби рӯимизии кормандони бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, ки онҳо ҳам шомили мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳастанд, таваллудхонаҳову шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ва ҳамзамон ҳар як хонавода дар ҳудуди кишвар маҳсуб шуда, минбаъд номгузории фарзандон дар асоси он ба роҳ монда мешавад.
Инчунин номҳое, ки дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» нестанд ва номҳои тозаэҷоду хушоянде, ки дар осори гузаштагони мо ҳастанду нав ба нав дар доираи вожасозии забони тоҷикӣ эҷод мешаванд, минбаъд бо мувофиқаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба феҳристи мазкур илова гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Вақте шаҳрвандон ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахусус ба ҷамоатҳои шаҳру деҳот муроҷиат мекунанд, кормандони он Феҳристро пешниҳоди волидайн мегардонанд, то онҳо номҳои зебову мувофиқро барои фарзандонашон интихоб намоянд. Феҳрист номи интихобкардаи волидайн, яъне хоҳиши онҳоро  маҳдуд намекунад. Дар сурате ки номи интихобкардаи падару модар дар феҳрист сабт нашуда бошад, шаҳрвандон метавонанд фарзандони худро бо арзишҳои таърихӣ ва ба фарҳанги миллии тоҷикӣ асосноккардашуда, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор ном гузоранд.

Муовини сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баён намуд, ки намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худашон метавонанд номгузории фарзандонашонро тибқи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллии худашон амалӣ намоянд.  Дар ҳамин сурат ҳам тартиби навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандони ақаллиятҳои миллӣ мувофиқи қоидаҳои имлои забони худи онҳо амалӣ карда мешавад.

«Ҳаминро бояд бигўям, ки барои интихоб ва номгузорӣ дигар шаҳрвандони кишвар дучори мушкилӣ намегарданд, зеро он ҳама мушкилиҳое, ки дар бахши номгузорӣ  буд, бо нашри ин феҳрист роҳи ҳалли худро меёбанд. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бевосита дар роҳи тавсеа ёфтани фарҳанги номгузорӣ ва комил гардидани хазинаи номҳои миллии тоҷикӣ саҳми арзанда мегузорад»,- илова намуд Ифтихор Самадзода.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ин китоб бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расид.

Риоя ва эҳёи дубораи арзишҳои гузашта  ё ин ки варақгардон намудани хазинаи пурганҷи фарҳанги суннатии номгузорӣ- ин шаҳодат аз мустақилият ва расидан ба зинаи камолоти миллат мебошад, ки ҳамватанони мо чандин даҳсолаҳо ва садсолаҳо шояд инро орзу мекарданд.

Мавҷуда АНВАРӢ

 

Апрель 19, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид