«Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт, овони ҷавонӣ»-ҷамъомади варзишӣ-фарҳангӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Апрель 29, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи Соли ҷавонон бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯён барномаи варзишӣ- фарҳангӣ оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, меҳмонон дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ ва мусобиқаи футбол байни донишҷӯён иштирок намуданд. Инчунин тибқи барнома барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон байни дастаҳои мактабҳои олии шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол ва намоиши ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, намоиши рассомон, меъморон ва суратгирон барои инъикоси мавзӯи «Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт, овони ҷавонӣ» дар назар дошта шудааст.
Пас аз нисфирӯзӣ вохӯрии меҳмонон бо донишҷӯён ва баромаду суҳбати озод, инчунин маросими супоридани дипломҳо, сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо ба ғолибони озмунҳое, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд, баргузор мегардад.

Апрель 29, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст