Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ иштирок намуд

Апрель 7, 2017 16:19

ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли 2017 дар қароргоҳи СММ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Форуми шарикии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОК)-2017 дар мавзӯи «Шарикӣ баҳри пешбарии имкониятҳо, афзоиши шукуфоӣ ва рушди устувор барои ҳама» иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи доимӣ аз таҷрибаи Даҳсолаи қаблии байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 дар пешбарӣ ва таҳкими шарикии бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор маълумот дод ва ба аҳамияти Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар ин самт таъкид намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Апрель 7, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид