«Ҷавонон вориси арзандаи Пешвои миллат мебошанд»-бардошт аз ҳамоиш дар шаҳри Душанбе

Май 23, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ Ховар/.  Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар   «Боғи Парчами  миллӣ» ҳамоиши ҷавонони пойтахт доир гардид.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷавонони ватандӯсту худогоҳи кишвар аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва эълон гардидани Соли ҷавонон ниҳоят сарфароз мебошанд. Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ҳар як ҷавони бонангу номусро дар назди миллату давлат дучанд мегардонад.

Аз ҷумла, Ҳамроз Умриддинов, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахт иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон моро водор месозад, ки дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва вориси арзандаи Пешвои миллат гардем.

«Ҷавонони имрӯза пайрави ҳақиқии насли калонсол буда, пайваста ба илмомӯзию доништалабӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба манфиати миллату давлати хеш машғуланд. Имрӯз мо насли ҷавонро лозим аст, ки  барои халқу ватан хизмати арзанда  намоем. Зеро неруи мо ҷавонон дар якдилию муттаҳидии мо мебошад»,-гуфт  Ҳамза Ятимов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан ба манфиати худи онҳо мебошад. Ҷавонони даврони истиқлолият бояд таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош кунанд.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангии  ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ, ки фарогири суруду таронаҳои   ватандӯстона   буд, барпо гардид.

 

 

Май 23, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид