Дар Балҷувон сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама аз Осорхонаи мардумӣ дидан мекунанд

Май 19, 2017 11:18

БАЛҶУВОН, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бо  ташаббус ва ибтикори Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Миров дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи мардумӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсис додани осорхона  эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва шинос намудани мардум бо таъриху тамаддуни  гузаштагони миллатамон мебошад.

Осорхона аз 5 шуъба: нигораҳои мардумӣ,  давраи асри санг, давраи Ҳукумати Шӯравӣ, давраи бостонӣ, табиати зинда ва кишоварзӣ иборат аст.

Тавре директори Осорхонаи ноҳияи Балҷувон Сафар Миров итилоъ дод, осорхона дорои 2600 адад нигораҳои гуногун буда, дар он 6 нафар кормандони соҳибтахассус    фаъолият мекунанд.

Соли 2001 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сурат гирифта буд. Зимни сафари корӣ Пешвои миллат аз Осорхонаи мардумии Балҷувон дидан намуданд.

Сайёҳони хориҷию дохилие, ки ба Барҷувон ташриф меоранд, пеш аз ҳама аз ин Осорхона дидан мекунанд. Онҳо борҳо ба осори гаронбаҳои ниёгон, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, баҳои баланд  додаанд.

Дар давоми сол аз ҷониби кормандони осорхона ба хотири ҷалби бештари тамошобинон 9 маротиба ҳамоиш гузаронида шудааст, ки дар он 311 нафар тамошобинон иштирок карданд. Ҳамчунин аз тариқи  экскурсияҳо 104 нафар хонандагон аз осорхона дидан намуданд.

Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон  аз соли таъсис то инҷониб ҳамасола аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Кормандони осорхона кӯшиш менамоянд, ки барои боз ҳам бештар гирд овардани нигораҳои нодири таърихӣ, ки имрӯз дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд, тадбирҳои иловагӣ андешида, барои ғанӣ гардонидани фонди осорхонаҳои ноҳия саҳмгузор бошанд.

Дар Балҷувон сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама аз Осорхонаи мардумӣ дидан мекунанд (2) Дар Балҷувон сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама аз Осорхонаи мардумӣ дидан мекунанд

Балджуван Балджуван-2

 

 

Май 19, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст