Дар Норак бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои аҳолӣ семинар доир гардид

Май 25, 2017 14:01

НОРАК, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд  бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқҳои аҳолӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ, дарки масоили гендерӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра бо ташаббуси Иттифоқи  адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 120 нафар сокинони маркази шаҳри Норак ва ҷамоатҳои деҳоти Дуконию Пули Сангини шаҳр семинари омӯзишӣ баргузор гардид.  Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Масъулин роҷеъ ба уҳдадориҳои алиментӣ, амволи муштараки зану шавҳар, аъзои оилаи молик эътироф намудану маскун кардан, мафҳум ва намудҳои зӯроварӣ, воситаҳои ҳимояи шахсони дучори зӯроварии хонаводагӣ, пешгирии хариду фурӯши одамон ва дигар мавзӯъҳо бо иштирокчиён ҳамсуҳбат шуданд.

Инчунин адвокатҳо ба  эҳтиёҷмандон  маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон доданд.

 

 

 

Май 25, 2017 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд