Гузоштани санги асоси Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ

Май 26, 2017 14:15

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар доираи ҳамкории самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои Бунёди Оғохон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ санги асоси Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва намояндаи муқимии Бунёди рушди Оғохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар дод.

Зимни муаррифии лоиҳаи маркази сохташаванда муҳандиси сохтмони Хадамоти Оғохон оид ба беҳтаркунии муҳити зист Сулаймон Сулаймонов иброз дошт, ки дар навбати аввал бинои асосии он барои расондани хизматрасонии тиббии амбулаторӣ ва бистарикунонӣ барои 48 кат ба фаъолият шурӯъ хоҳад намуд. Сипас, дар давоми 3-4 соли оянда он ба 254 кат расонда хоҳад шуд.

Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ мувофиқи дурнамо дар баробари сокинони ВМКБ ҳамчунин ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Бадахшони Афғонистон низ хизмати тиббӣ мерасонад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории судманди дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои Бунёди Оғохон ва махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои исмоилиёни дунё Аълоҳазрат Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ изҳор намуд, ки маҳз дар заминаи ҳамин ҳамкорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои барои сокинони вилоят ҳаётан муҳим амалӣ гардиданд. Оғози сохтмони Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ ва бунёду мавриди истифода қарор додани он низ ба амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар-таъмини шоиста барои ҳар шаҳрванд мусоидат хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки роҳандозӣ намудани лоиҳаҳо дар самти таъйиноти гунонун дар вилоят аз ҷониби шабакаҳои Бунёди Оғохон як заминаи мусоидест барои беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум.

Дар навбати худ Акбар Алӣ Песнанӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои гуногунҷанба аз ҷониби шабакаҳои Бунёди Оғохон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ҳамкории худро бо Ҳукумати кишвар тақвият мебахшанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби ширкати «Турас» амалӣ хоҳанд гашт. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба масъулини ин ширкати сохтмонӣ таъкид намуд, ки дар мадди аввал ҷавонони шаҳри Хоруғро ба кори сохтмони марказ ҷалб намоянд, то шиддати бекорӣ дар маркази вилоят то андозае коҳиш ёбад.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ аз як ҷониб ба дастрасии сокинони вилоят ба хизматрасонии тиббии баландсифат ва аз ҷониби дигар ба таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ бо ҷойи кори мувофиқ мусоидат менамояд.

 

 

 

 

Май 26, 2017 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд