ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 15 мошин ва дигар таҷҳизоти техникӣ кумак намуд

Май 11, 2017 16:31

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани кумак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт (15 мошин), таҷҳизоти алоқаи  «моторола» ва камераҳои гармидиҳӣ (тепловизионӣ) аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маросими супоридани кумак Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов, муовини якуми Раиси КДАМ,  сардори Саррёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ширкат варзиданд.

Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов таъкид намуд, ки Ҳукумати ИМА дар давраҳои ҳассос, хусусан дар даҳ соли охир ба сарҳадчиёни тоҷик кумакҳои зиёд  пешкаш намуданд. Ин кумакҳо на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои минтақа хеле муҳим ҳастанд ва онҳо барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Элизабет Миллард иброз дошт, ки ҳамкории байни Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонанд ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонанд, мусоидат менамояд. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир бадастовардашуда аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода бурда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2006 инҷониб «Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА» зиёда аз 155 млн. доллари амрикоиро барои таҷҳизот, омӯзиш ва инфрасохтор, ки ба таҳкими худкифоӣ, қудрат ва самаранокии фаъолияти мақомоти соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ҷудо намудааст.

DSC_5756

 

 

Май 11, 2017 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ оид ба иҷрои талаботи қонун дар самти даъвати шаҳрвандон ҷаласа доир гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд