«Мо якҷоя ҷангидаем!»: донишҷӯён ба сокинони Санкт-Петербург дар бораи нақши Тоҷикистон дар Ғалаба нақл карданд

Май 8, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ ҷавони Тоҷикистон азм карданд, ки сокинони шаҳри Санкт-Петербургро бо Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ҳамзамон назарпурсӣ анҷом дода, муайян кунанд, ки то кадом сатҳ сокинони Санкт-Петербург аз санаҳо ва ҳодисаҳои муҳими Ҷанги бузурги ватанӣ хабар доранд, — иттилоъ додааст агентии «Sputnik». Чорабинии мазкур дар хиёбони Нева ва Майдони назди Қаср гузаронида шудааст.

Ташкилоти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон бахшида ба 72-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар Санкт-Петербург таҳти номи «Мо якҷоя ҷангидаем!» аксия баргузор намуд. Ҷавонони Тоҷикистон тоқии миллӣ ба сар карда, дар миёни сокинони пойтахти шимолии Россия назарпурсии кӯтоҳ анҷом доданд.

Онҳо ба роҳгузарон муроҷиат карда, суол доданд, ки Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ ба ҷабҳа чӣ кумакҳо расонидааст?

Баъзеҳо хиҷолатмандона китф ба ҳам мекашиданд, аммо нафароне ҳам буданд, ки ба ин савол ҷавоб дода тавонистанд.

«Мувофиқи маълумоте ки ман дорам, Тоҷикистон дар солҳои ҷанг гурезагонро қабул намуда, артиши шӯравиро бо анвои хӯрданӣ таъмин кардааст», — гуфт як зан-сокини Санкт-Петербург ва илова кард, ки инчунин тоҷикон баробари дигарон дар хати пеши ҷабҳа далерона ҷангидаанд.

Ҷавонон ҳамчунин бо пурсишҳои оддӣ ба роҳгузарон муроҷиат карда, саволҳо доданд, ки ҷанг кай оғоз шуд, чанд муддат давом кард, имсол чандсолагии ғалаба ҷашн гирифта мешавад  ва ғ.

«Ба ҳавои сарду боронӣ нигоҳ накарда, мо либосҳои миллӣ дар тан ба кӯчаҳои Питер баромада, ба роҳгузарон аз иштироки тоҷикон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва саҳми тоҷикон дар ғалаба нақл кардем», — иттилоъ дод Аминҷон Абдураҳимов, яке аз ташаббусгарони иқдоми  мазкур ба хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон».

«Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур- таҳким бахшидани дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Россия буда, ҳамчунин мо хостем хотиррасон кунем, ки Тоҷикистон дар солҳои ҷанг барои расидан ба ғалаба саҳми бузург гузоштааст ва ин ҷанг таърихи муштараки мо мебошад», — илова кардааст А.Абдураҳимов.

Хотиррасон мешавем, ки чанде қабл фаъолони гурӯҳи пайҷӯёни Душанбе бо номи «Памят» ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ барои ҷорӣ намудани унвони махсуси «Шаҳри шарафи тиббӣ-ҳарбӣ» муроҷиат намуданд.

Мувофиқи суханони таърихшиноси ҳарбӣ Ғ.Шерматов, шаҳри Душанбе лоиқ ва сазовор ба гирифтани ин унвон мебошад, зеро солҳои ҷанг ҳазорон афсарону аскарони ҷароҳатбардоштаи шӯравӣ дар шаҳри Душанбе табобат гирифтаанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон 29 госпитали ҳарбӣ фаъолият мекарданд, ки аскарону афсарони сахт маҷрӯҳшударо барои табобат ба ин ҷо мефиристониданд.

Мы воевали вместе-3

Мы воевали вместе-2 Мы воевали вместе-4

 

 

 

 

Май 8, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид