Сармуҳаррири «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб дар бораи «Полки абадӣ»: «Ҳеҷ илоҷ ва зарурат барои анҷоми иқдомҳои ҷудогона ва ҷудо аз тадбирҳои расмии озмудашуда вуҷуд надорад»

Май 8, 2017 17:27

ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Изҳороте, ки дар робита ба нақшабандӣ нашудани «Полки абадӣ», (4 май ба забони тоҷикӣ ва 5 май ба забони русӣ) дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таҳти унвони «Чорабинии аксияи «Полки абадӣ» нақшабандӣ нашудааст» нашр гардид, намояндагони илму фарҳанги ҷумҳуриро бетараф нагузошт. Ин навбат   Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири нашрияи миллии адабии «Садои шарқ», устоди ДМТ доир ба он назари хешро иброз намуд:

«Ман изҳороти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро аз 4 апрели соли равон  дар бораи аксияи  «Полки абадӣ» мутолиа намудам ва бо муҳтавои он комилан  мувофиқам.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷлил ва бузургдошти Рӯзи Ғалаба ҳамеша ба андозаи лозим таваҷҷуҳ менамояд. Ҳамчунин собиқадорони ин корзори азим ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Сарвари давлат бо ғамхорӣ ва ёрии моддию маънавӣ фаро гирифта  мешаванд. Тавре мусаллам аст, тайи чанд рӯзи охир кумакпулии якдафъаинае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст, дар якҷоягӣ бо дигар кумакпулиҳои иловагӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории давлатӣ ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида шуда истодаанд.

Ҳар сол дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе ба ин муносибат гузашти низомӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Ширкат дар ин барномаҳо озод аст ва ҳатто ҳузури довталабон ба воситаи расонаҳои гурӯҳӣ ташвиқ мешавад.

Бо ин ҳол ба назари мо ҳеҷ илоҷ ва зарурат барои анҷоми иқдомҳои ҷудогона ва ҷудо аз тадбирҳои расмии озмудашуда вуҷуд надорад. Илова бар ин, дар шароити бисёр ҳассоси байналмилалие, ки имрӯз вуҷуд дорад, ҳар навъ иқдомоти алоҳида, ба монанди «Полки абадӣ» бо ҷалби гурӯҳҳои мухталифи мардум метавонад як василаи ташкили низоъ, ихтилоф ва ташаннуҷ гардад.

Дар ин ҳол масъулон ва созмондиҳандагони чунин иқдомоти ғайрирасмӣ, мисли «Полки абадӣ», пеш аз ҳама, худ ба зиёни ҷуброннашаванда рӯбарӯ хоҳанд гардид.

Бинобар ин, беҳтар аст барои маънавитар ва рангинтар шудани ин барномаҳо дар чаҳорчӯби анъанавӣ ва расмии он дар якҷоягӣ бо мақомоти расмӣ фаъолият намуда, дар баргузории барномаҳои фарҳангиву сиёсии онҳо саҳмгузор бошанд.

 

Май 8, 2017 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид