Сироҷидин Аслов бо Дэниел Розенблум мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро муҳокима намуданд

Май 3, 2017 17:04

ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 3 май муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэниел Розенблумро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе Элизабет Миллард иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро муҳокима намуданд.

Май 3, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд