ВАҲДАТ ВА ТАФСИРИ СУЛҲ

Май 31, 2017 16:46

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Инсоният даҳшатноктарин ҷангҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ки ном бурдани ҳамаи он аз доираи имкон берун аст. Барои аксар кишварҳо ин ҷангҳо дарднок буданд ва ҳастанд. Захмҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ даҳсолаҳо низ даво намеёбанд. Вақте ба баъзеи ин гуна саҳифаҳо менигарем, бори дигар собит мешавад, ки гумроҳии ҷомеаҳо сабаби  маргу бадбахтиҳои фаровоне гаштааст. Чунончи дар ҷанги шаҳрвандии соли 1862 дар Чин, ки ҳамчун шӯриш ба муқобили Империяи Син ба вуҷуд омада буд, 13 миллион нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Дар ҷанги шаҳрвандии Русия (1917-1923) бо ҳадди камтарин аз панҷ то нуҳ миллион нафар одамон қурбон шуданд. Чанд даҳсола қабл ҷанги шаҳрвандӣ ба муқобили қабилаи тутсиҳо дар Руанда, ки ҳамагӣ аз моҳи апрел то моҳи июн ҷараён дошт, 800 ҳазор нафар дар давоми 100 рӯз ҷони худро аз даст доданд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии демократии Конго соли 2002 ба анҷом расида буд. Дар ин ҷанг садҳо ҳазор нафар қурбон шуда буданд. Аммо оқибатҳои ин ҷанг бо дар пай доштани бемориҳову эпидемияҳо, қашшоқиву гуруснагӣ боз ҳам даҳшатноктар аст. Давоми даҳ сол 5,5 миллион нафарро қурбоншудагони оқибатҳои ин ҷанги шаҳрвандии Конго меноманд.  Ҳамзамон бо оғози Ҷанги сард 20 адад ҷангҳои шаҳрвандӣ дар рӯи ҷаҳон сар заданд, ки то имрӯз бо дигар қардани қолаби худ аксари онҳо идома доранд. Аз соли 1945 то инҷониб дар ҷаҳон ҷангҳои шаҳрвандӣ зиёда аз 25 миллион  маргро дар пай доштаанд. Ин танҳо як рақами расмиву тахминиест, ки СММ пешниҳод кардааст. Вагарна танҳо дар Афғонистони ҳамсоякишвари мо дар ҷанги зиёда аз чилсолаи шаҳрвандӣ ҳудуди 2 миллион нафар бештар ҷони худро аз даст додаанд. Масалан, чанде пештар дар амали терористии яке аз масҷидҳои вилояти Балхи Афғонистон рухдода, аз рӯи ҳисобҳои охирин ҳудуди 400 нафар низомӣ ҷони худро аз даст додаанд. Муҳоҷират, қашшоқӣ, эпидемияҳо, гуруснагӣ ва амсоли он чун оқибати ҷангҳо миллионҳо нафари дигарро қурбон сохтаанд. Хонанда огаҳ аст, ки давоми як соли охир аз миёни муҳоҷирони арабитабори ба Аврупо майлкунанда   даҳҳо ҳазор нафар дар роҳҳои заминиву баҳрӣ аз ҷони азизи худ маҳрум гаштанд.

Аз рӯи таҳқиқи сиёсатшиносону пажӯҳишгарони моҷароҳои сиёсӣ, ҳар як муборизаи дохилие, ки давоми як сол дар худ зиёда аз ҳазор нафар қурбонӣ дорад, чун ҷанги шаҳрвандӣ баҳогузорӣ карда мешаванд. Аз рӯи ин меъёр, аз соли 1816 то соли 1997 дар ҷаҳон 213 адад ҷангҳои шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 104-тои он танҳо дар миёни солҳои 1944 то соли 1997 рух додаанд. Яъне ҷаҳони мутамаддин дар даҳсолаҳои охир бештар гирифтори ин гуна ҷангҳо гашта истодааст. Боиси афсӯс аст, ки дар ин ҷангҳо шумораи зиёди қурбоншудагонро кӯдакону наврасон ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Яъне «бузургон» ҷангро оғоз мекунанду ҷавонон ва бегуноҳон мемиранд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, хушбахтона, бо сулҳ анҷомид. Сулҳи тоҷикон ҳақиқату дастоварди бузургест. Сулҳ аст, ки зиёда аз 150 кишвари дунё  мустақилияту мавҷудияти давлатеро бо номи Тоҷикистон эътироф кардаанд. Ҷанг ҳеҷ гоҳе ба касе суд намеорад ва ҳар касе, ки дар ин роҳ тарҳ мекашаду тор метанад, рӯзе худаш дар он мепечад.

Ташхис карда тавонистани сиёсатҳои таҳмилӣ асоси пойдории сулҳ аст. Садҳо маънӣ дар ин таъбир ниҳон аст ва махсусан мардуми тоҷик, ки бо ҳадафи сулҳомез роҳи инкишофро ихтиёр кардааст, уфуқҳои ин таъбирро осон дарк менамояд. Тоҷикистони имрӯза Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Тоҷикистон мардуми бонанг дорад, артиш дорад, неруи ҳимояткунандаи марзу бум дорад ва аз ҳама муҳимтару бузургтар, имрӯз дар он қонун ва ваҳдату сулҳ салтанат доранд. Ҳар ҷое, ки қонун салтанат дорад, он ҷо ваҳдату суботу сулҳ маскан интихоб менамоянд. Танҳо дар фазои ҷанг қонунҳо хомӯшанду вуҷуд дошта наметавонанд. Ҳама амониву сулҳу суботу озодиҳо- ин итоат намудан ба қонун мебошад.

Қонунписандӣ сулҳу оромиро таъмин менамояд ва ин сулҳ неъмати бебаҳост.

Шукрона аз он дорем, ки кишвари мо имрӯз ободу осуда аст. Субҳгоҳ бо хотири ҷамъу осуда ва эътимоди он ки бегоҳ дар хонаи худ мешавем, ба коргоҳу макони таҳсил меравем. Дар кӯчаҳо силоҳбадастонро намебинему садои силоҳро намешунавем. Дар навбатпоиҳои нон нестем ва ба рӯи ҳамдигар хандаву табассум  мекунем. Модар аз хандаи тифлонаш ба зиндагӣ дили гарм дораду падар дар роҳи камоли онҳо дар кӯчаҳо бардам қадам мениҳад. Кӯдаку наврасу ҷавону пир аз чизе бим надоранд.

Ҷавонон чун неруи пешбаранда дар партави ин ҳама накӯиҳо бунёдкорӣ намудан мехоҳанд. Солмандон ба онҳо роҳнамоӣ мекунанд. Ин ҳама сулҳ аст, ки имрӯз миллат дар ин роҳ ба ҷавонон умед бастааст ва барои пойдории сулҳу дурнамои нек тамоми миллат дуогӯст.

Бигзор ҳар нафаре, ки ба қадри сулҳу оштӣ намерасад, бо дидаи қиёс ба авзои баъзе манотиқи даргири ҷаҳон нигарад, ки одамон чӣ даҳшатҳоеро аз сар гузаронида истодаанд.  Чун мо ҳамарӯза аз ин ҳаводис огаҳем, ҳоҷат ба зикр кардани онҳо боқӣ намемонад.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Май 31, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид