Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона манъ гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо бо иштироки онҳо ва иҷрои банди 42 нақшаи чорабиниҳои амалисозии иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт, ки 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, нигаронида шудааст. Дар қарори мазкур омадааст, ки воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ карда шавад ва эълони он дар ҷойҳои намоёни ин гуна марказҳо овехта шавад.
Воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда шавад.
Раиси шаҳри Душанбе бо ин қарор шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Сарраёсати маориф, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Паёми Душанбе» -ро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати ташкил намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмию оммавӣ ва тарбиявӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои интернетии барои ташаккули дурусти шахсияти ноболиғон мусоидаткунанда, ташкили ҳар гуна бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагӣ бо иштироки наврасону ҷавонон бо мақсади самаранок сипарӣ гардидани вақти холии онҳо тадбирҳои судманд ба роҳ монанд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рафти иҷрои қарори мазкурро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






