ЧЕҲРАҲОИ ҲИДОЯТГАРИ ТАЪРИХ. (Дар ҳошияи китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор»)

Август 21, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи муосири тоҷикон бо ном, кор ва пайкори фарзанди шарафманди миллат- Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон- бедоргаре аз зумраи баргузидагони таърих гиреҳ мехӯрад.    Садои пуртанин ва наҷотбахши ӯ дар сиёҳтарин  ва талхтарин даврони таърихи тоҷикон дар такя бар неруҳои созандаи миллат ва омӯзаҳои пешрафтаи сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ-маънавӣ тарҳи нав дарафканд- тарҳе, ки давраҳои даҳшатоварро дар таърихи тоҷикон ба ҳамешагӣ ба поён расонд ва эҳёгари давраи комилан нав дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвари тоҷикон гардид

Дар ин овои бедорӣ ва ҳидоятгар бозгашт ба асли хештан ва эътимодмандӣ ба неруҳои созандаи таърих ошкор буд ва ба ҷомеаи тоҷикон роҳи комилан нави худшносиву худсозиро нишон дод. Барои амалӣ сохтани навсозиҳои куллии ҷомеаи тоҷикон таҷрибаи таърих ва ифтихороти миллиро омили аслӣ ва таҳрикбахш ба шумор оварданд. Дар ҳамин самт Пешвои миллат корҳоеро анҷом доданд, ки сода набуданд. Чеҳраҳои қаҳрамони миллатро ташхис доданд ва дар пояи рӯҳи Айниву Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузоштанд. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва дар паҳлӯи он Китобхонаи миллиро чун рамзи китобхонаи оламшумули даврони Сомониён ва Бухорои шариф бунёд ниҳоданд.

Сайрам БАҚОЗОДА, номзади илмҳои филология _____________________

Сайрам БАҚОЗОДА, номзади илмҳои филология
_________________

Роҳе, ки Пешвои миллат интихоб карданд ва мардумро ба он ҳидоят фармуданд, дид ва андешаи нав ба ҷомеаро дар шинохти арзишҳои ҷовидонаи миллӣ ва баҳрагирӣ аз онҳо муайян намуданд, ки барои имрӯз ва фардои миллат сарнавиштсоз аст. Инак китобе, ки хонанда дар даст дорад ва «Чеҳраҳои мондагор» номгузорӣ шудааст, консепсияи хоси Пешвои миллатро дар шинохти нақш ва ҷойгоҳи чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ дар таърихи миллат муайян мекунад.

Пешвои миллат дар мақолаҳое, ки дар китоб фароҳам омадаанд, ба сарнавишти шахсиятҳои баргузидаи таърихи тоҷикон, пеш аз ҳама, ҳамчун субъекти таърихи миллат нигариста, чеҳраи онҳоро дар заминаи усулҳои иҷтимоиву фарҳангии маърифати шахсият ба қалам кашидаанд. Бинобар ин таҷассуми моҳияти сарнавишти инсонӣ ва фарҳангии ин гуна шахсиятҳо арзиши  хос пайдо кардааст, онҳоро ҳамчун намунаи арзишҳои таърихии  сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ , ки сарнавишташон аз рӯзгори таърихӣ ва муосири тоҷикон ҷудо нест, ба назар намоён мекунанд.

Муаллиф дар офариниши чеҳраи шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ даставвал ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаанд, ки он афрод сарнавишти худ ва миллаташонро  чӣ гуна сохтаанд ва чӣ гуна метавонанд ба имрӯзу ояндаи меросбаронашон ба василаи андешаҳову ормонҳояшон таъсири созанда бирасонанд. Дар шинохт ва арзёбии чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ ҳамин нукта маҳаки эътибор будааст, ки моҳияти аслии ҷустуҷӯҳои соҳиби китобро муайян мекунад.

Пешвои миллат дар ин замина дар хитоб ба хонанда таъкид мекунанд, ки «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб фориғ аз кори давлатдорӣ  ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ  ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон  маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.

Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем». /Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор.- Душанбе: «Эр- граф»,  2016. –с. 4/.

Ин раҳнамоии солеҳона ормонҳои созандаи Сарвари давлатро дар шинохти таърих ва сарнавишти фарзандони баруманди он собит мекунад. Ин тамоюли фикрӣ дар инсон мавҷуд будани  ҳадафҳои муайяни созанда, равиши пешрав ва намунаҳои ибратангези қобили пайравӣ ва ибратпазирро дар назар дорад. Инчунин ормонҳо ба миллат ва наслҳои он ёрӣ мерасонанд, ки ҳастии худро муайян кунад, дар зиндагӣ ҷойгоҳашро шиносад, хислат, эътиқод ва дараҷаашро таъйин кунад. Омӯзаҳои Пешвои миллат дар шинохти   моҳияти зиндагии инсонӣ ва фарҳангии шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ идеалсоз буда, наслҳоро барои шарофатмандона зистану фаъолият кардан омода месозад.

Сарвари давлат бо таълифоти зиёдаш дар парвариши ҳисси худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва ватандорӣ нақши созанда доранд. Китоби «Чеҳраҳои мондагор» консепсияи тозаи арзёбии таърихиро, ки таъкиди ибратпазирии солеҳона аз сарнавишти таърихии миллат ва абармардони он аст, ҳамчун идеали ояндасоз ифода мекунад. Интихоби чеҳраҳо низ вобаста ба замони тӯлонӣ сурат гирифта, нақш ва ҷойгоҳи ононро аз оғози таърихи қавмҳои ориёӣ то рӯзгорони баъд нишон медиҳад. Моҳияти ҷустуҷӯҳои Сарвари миллатро дар ин замина суханони зерини ӯ дақиқ бармало менамоянд: «Ба гузаштаи дури миллати худ рӯ оварда, мо фақат маълумотнома, санад ва мадорики таърихӣ ҷамъ намеоварем, балки беҳтарин, шоёнтарин ва гиромитарин андеша, афкор ва рӯйдодҳои сарнавишти миллатамонро барои такомули хушбинонаи имрӯзу ояндаи халқамон ва бунёди як ҷомеа ва давлати навин меомӯзем, истифода мекунем. Зеро ҳеҷ миллате бе донистан, омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои маънивию ахлоқии гузашта ва хотираи таърихии худ наметавонад рушду густариш ёбад».

Таҷрибаи таҳқиқи Пешвои муаззами миллат дар ин китоб ба парвариши созандаи ифтихороти миллӣ ва ватандорӣ дар се асл таъкид дорад. Асли аввал- ибратпазирӣ аз таърихи пуршебу фароз, вале пурифтихори гузашта, асли дуюм- забон ва фарҳанги миллӣ ва ниҳоят сарнавишти чеҳраҳои барозандаи таърихиву фарҳангӣ. Дар ин замина  ба масъалаҳои ибрати таърих, сабақҳои он бештар диққат додани муаллиф, пеш аз ҳама, ҳадафи волои ҳифзи асолати миллӣ ва таърихиву фарҳангии тоҷикон мебошад.   Вақте ки мақолаҳои китобро мутолиа мекунем, дармеёбем, ки дар фаъолияти чеҳраҳои муҳими таърихи тоҷикон нуктаҳо, ҳикматҳо ва омӯзаҳои созандае ҳастанд, ки барои имрӯз ва фардои миллат, бахусус насли ҷавонамон ибраомӯзанд.

Нависандаи бузурги рус Лев Толстой навишта буд, ки: «суоли асосии қалби ман ин аст: Ту чӣ гуна инсонӣ? Ва аз инсонҳои дигаре ки ман мешиносам, чӣ фарқе дорӣ ва ба ман дар бораи он ки ба зиндагӣ чӣ гуна бояд нигарист, чӣ ҳарфи тозае гуфта метавонӣ?» Ин суханон назари зеҳнии моро ба ҷустуҷӯҳои муаллифи китоб мутаваҷҷеҳ месозад. Дармеёбем, ки муаллиф дар ҳамаи мақолоти китоб, пеш аз ҳама, ба мушаххасоти зиндагинома ва корномаи таърихиву фарҳангии чеҳраҳое таваҷҷуҳ кардааст, ки марбут мешавад ба эҳёи ормонҳои миллӣ ва давлатдориву фарҳангпарварии миллати тоҷикон. Дар ин замина сарнавишти Куруши Кабир ҳамчун «бунёдгузои давлатдории мутамаддин» ба ҳаёти таърихӣ ва фарҳангии миллат рабт пайдо мекунад, ки Пешвои миллат бо таҳқиқ ва воқеият дар мақолаи аввали китоб зинда кардааст.

Дар мақолаи «Бунёдгузори давлатдории мутамаддин» шахсият ва андешаву орои Куруш аз нигоҳи давлат ва дурнамои фарҳангиву таърихӣ мавриди назар қарор гирифта, пайванди ногусастании он ҷомеаи миллӣ, гузаштаву имрӯзу фардои тоҷикон нишон  дода шудааст. Дар мақола сарнавишти Куруш дар мабнои воқеиятҳои таърихиву фарҳангӣ арзёбӣ шуда, бо замони мо пайванди бевосита пайдо мекунад, зеро аҳамияти миллӣ дорад. Ба ифодаи саҳеҳтаре, манзараи зиндагии инсонҳои бузурге, мисли Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с) Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода ҳамеша тамошогаҳи зебоӣ ва манзараи ибратпазирест, ки рӯҳро тақвият ва фаъолиятро таҳрик мебахшад. Аз  ин ҷиҳат, аксаран таҳқиқ ва тафсири чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ аз тариқи шинохти моҳияти маънавии зиндагиномаи онон ва таносуби он бо воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоии замони гузашта ва имрӯз анҷом гирифта, фазилатҳои муҳими инсонии муҳаббат ба Ватан, миллат, ҳисси ифтихори миллӣ, эътиқодмандӣ, собитқадамӣ ва фидокорӣ маҳаки шинохти нақш ва ҷойгоҳи ин шахсиятҳо дар таърих қарор гирифтааст.

Куруши Кабир ва усули давлатдории ӯ барои тоҷикон дарс ва ибрати таърих буда, ба ифодаи Сарвари давлат,   омӯзандаи «рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибони сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободгароӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили усули идоракунии мамлакат» мебошад.

Дар таҳқиқ ва тафсири  Пешвои миллат  Спитамени суғдӣ «парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» буда, ҳамчун шахсияте, ки ҳимояи халқашро пайгирона идома дода, ҷаҳиш ба амал овардааст ва дар ин ҷаҳиш дубора зода шуда, сарнавишташ умри дубора ёфтааст, дар таърихи тоҷикон мақоми маънавию миллӣ дорад.

Дар  шинохт ва арзёбии чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ асоси консепсияи диди таърихии Сарвари давлатро тасвири ҳақиқати таърих, фарогирии моҳияти он ва рӯҳи замон ташкил медиҳад, ки барои имрӯз моҳияти ибратпазирӣ дорад. Ба ифодаи дигар, Роҳбари давлат дар шинохти чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ  бозгашти   абадиро тақвият бахшидааст, ки барои миллат моҳияти худшиносиву миллатсозӣ дорад. Чунин дарки дақиқ ва асосноки сарнавишти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ бар он устувор ёфтааст, ки Пешвои муаззам он ҳама санадҳои зиёдро дар як нуктаи муҳими ғоявӣ ба ҳам оварда, ба ин васила пайванди замонҳои таърихиро ба вуҷуд меоваранд, ки дар натиҷа на фақат як давраи муайян, балки қонунияти инкишофи таърихии як миллат дар давраҳои гуногун, замон ва макони муайяни таърихӣ пеши назар зинда мешавад. Дар ҳар чеҳранигорӣ Сарвари давлат ба намудани ҷиҳатҳои гуногуни ҳаракати таърих дар мисоли сарнавишти шахсиятҳои алоҳида муваффақ шудааст. Аз ин ҷиҳат, Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаҳои ин китоб замонҳо ва шахсиятҳои меҳвариро муаррифӣ карда, воқеият ва сарнавишти таърихиву фарҳангии миллатро аз замонҳои қадим то имрӯз фаро мегирад, ки ифодагари зинаҳои ташаккули халқи тоҷик низ ҳаст. Сарнавишти шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ на аз назари маҷмӯи воқеиятҳои алоқаманд ба сарнавишти онҳо, балки ба туфайли моҳияти инсонӣ ва миллии аъмолашон диққатангез будааст. Аз ин мавқеъ Зардушт на фақат барои тоҷикон,  балки барои бани башар «паёмбари ойини ростин» аст. Аз нигоҳи ин марди шариф Монии бузургвор «бозтоби нур дар зулмот» буда, Маздак бо иқдомҳои бузурги инсонӣ ва миллиаш «пешвои мардумдӯсти Эрони бостон» аст. Пешвои миллат  Ҳазрати паёмбари акрамро (с) «бузургтарин марди ҷаҳон  ва паёмбари дини ҳақ» тавсиф карда, Имоми Аъзамро «асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро» арзёбӣ мекунанд.

Дар тафсири саҳеҳи Сарвари давлат ба Исмоили Сомонӣ ва дигар абармардони таърихи тоҷикон давраи комилан нави фаъолияти чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ оғоз меёбад, ки ҷанбаи хосси миллӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав,  Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ,  Ҷомӣ,  Бедил, Туғрал, Мирзо Турсунзода ва  Сотим  Улуғзода аз нигоҳи ӯ миллатдӯсту ватансоз буда, раҳнамову сарнавиштсози  миллат буданд ва хоҳанд монд.

Ин китоб оинадори таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон буда, беҳтарин ва короитарин дастури омӯзаҳои раҳнамои саодат барои наслҳои имрӯзу фардоест, ки офарандааш Пешвои азизи миллати мост.

Август 21, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад