Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ба Ватан баргашт

Ноябрь 14, 2017 10:41

ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта,  соати 2:00 ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва ҳамроҳонаш пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба  самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки беҳтарин варзишгарони сайёра баргузор гардид, баъди ба даст овардани ғолибият ба Тоҷикистон омаданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, раиси ноҳияи Варзоб, мураббиёни шинохтаи кишвар, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони гӯштин иштирок намуданд.

Нахуст тибқи анъанаи миллати тоҷик ба чемпиони  ҷаҳон оид ба самбо  Беҳрӯз Хоҷазода либосҳои миллӣ пӯшонида, бо гулу гулдастаҳо, ки баёнгари садоқат ва муҳаббати ҳамватанон буд, ӯро гарм истиқбол намуданд.
Садҳо нафар ҳаводорони ҳунари Беҳрӯз ӯро рӯ–рӯи даст бардошта,  «Парчамбардори миллат» ва «Ифтихори миллат» гӯён  нидо мекарданд.
Беҳрӯз     Хоҷазода дар ҳолати шодиву нишот иброз дошт, ки  «маҳз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон буд, ки ман рӯҳбаланд гардидам. Ин дастгириҳо ба ман имконият доданд, ки чемпиони ҷаҳон шавам.
Ман ҳамзамон барои мусоидат ва дастгириҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам».

 

Ноябрь 14, 2017 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд
Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ дар Будапешт сабқат доранд
Дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко дар Ҳафткӯли Тоҷикистон варзишгарони 12 давлати ҷаҳон ҷамъ омаданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид