«ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲ АНҶОМ НАДОРАД…». Чунин нигоштааст Ато Мирхоҷа дар як манзумаи худ, ки ба ин иҷлосияи таърихӣ бахшидааст

Ноябрь 19, 2017 09:47

ДУШАНБЕ, 19.11.2017./АМИТ «Ховар»/. 25 сол сипарӣ шуд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, вале он, чун субҳи беғуруб, анҷом нахоҳад дошт. Чунин андеша рондааст муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони тоҷик, шоири номвари тоҷик Ато Мирхоҷа дар манзумаи нави худ, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷамъомаду маҳофил вирди забонҳо гаштааст.  Манзумаи шоирро  бо номи «Субҳи беғуруб»  ҳамчун ёдкарде аз ин рӯйдоди таърихӣ пешниҳоди хонандагон месозем.

 

СУБҲИ БЕҒУРУБ

Иҷлосияи шонздаҳу вазъи мураккаб,
Иҷлосияи шонздаҳу мушкили ҷонсӯз.
Барбод надодан сари худ – машғалаи шаб,
Нобоварию шакку гумон – масъалаи рӯз.

Дар дасти вакиле набувад ҳаққи ваколат,
Мандати ваколат ҳама дар мили силоҳ аст.
Ҳар фарди намоянда намояндаи тӯпест,
Ҳар нозири иҷлосия сардори ҷиноҳ аст.

Тоҷик пароканда шуда бар маҳалу ҳизб,
Ҳар минтақаро бар сари худ суду зиёнест.
Аз ҳизбу зи ҷунбиш шуда мардум ҳама саргум,
Дар ҳеҷ якаш нест замонат, чӣ замонест?!

Қасре, ки чу Арбоби салоҳаш бишиносанд,
Шуд қалъаи ҳифзи ватани хастаи тоҷик.
Дижбону дижафкан шуда ин ҷо ҳама дижбанд –
Побастаи нотоҷику дилбастаи тоҷик.

Сардию хазонрезу Хуҷанду Дижи Арбоб,
Дилҳо ҳама хунанд дар ин шаҳри наҷобат.
Як ҳайкали пурвазни Урунхоҷа битобад
Аз ҳайкали анбӯҳи вакилон басалобат.

Ҳар ҳизб даҳо дораду чун нек бибинӣ,
Даъвои бузургӣ фақат ояд зи даҳояш.
Ҳар минтақа як даста сипаҳ дораду афсӯс
Бо ҳамватани худ фақат ӯрост кашокаш.

Аз фозилу оқил ҳама рӯ тофта сад раҳ,
Аз суннату одоби пурэҳсон асаре ку?
Даъвои бузургии ниёгон ба забонҳо,
Аммо зи бузургии ниёгон асаре ку?

Аз тахт фитоданд ҳама сурхдирафшон,
Бо парчами сабзанд гурӯҳе ба тадорук.
Як идда на ин сабз бихоҳанд, на он сурх,
Поянд сари хеш зи ҳар гуна таҳаррук.

Як иддаи гапзӯр, ки дар минбару майдон
Ҳамчун гави бешир садошон ба фалак буд,
Дум хода намуданд ба ҳар ҷониби олам,
Зеро ки фақат фитна будишон гапу мақсуд.

Онон, ки ҳам олуда набуданд ба зиштӣ,
Буданд фидоии Ватан аз дилу аз ҷон,
Ё ҷуръати озори дилеро нанамуданд,
Ё душмани худ фарқ накарданд зи ёрон.

Онон, ки фароғатгаҳашон буд ҳукумат,
Гаштанд пушаймон зи амирию вазирӣ.
Диданд, ки ҳангоми фидокориву мардист,
Карданд ба бар пираҳани аҷзу сағирӣ.

Ин тоифа донист, ки бе силаи Маскав
Монанди ятими сарубаргумшудаеанд.
Аз Шӯравию шӯру шараш монд ба онон
Куҳдоману армони Бухорову Самарқанд.

Ин тоифа донист: ҳама кибру ғурураш
Будаст ҳаме бо ҷини дар кӯза нишаста.
Ҳоло ки ҷин аз кӯза раҳо гашту бало гашт,
Аз ҳайбати ӯ монд худаш оҷизу хаста.

Ин ҷо надиҳад кор на як коғазу як муҳр,
Ин ҷо хираду сидқ кунад кору дили шер.
Аз фазлфурӯшӣ ҳама безору бибояд
Бо фазл гирифтан ба шуҷоат дами шамшер.

Ин ҷои касе ҳаст, ки аз ҷон гузарад – як,
Аз роҳату аз хоб фаромушт кунад – ду.
Ғавғои ҷаҳон бар сари худ оварад ӯ – се…
(Дигар чи шуморам, ки занад мард ба зону).

Ин ҷои касе ҳаст, ки ҷурми ҳамаи халқ
Бар гардани худ чун гунаҳи хеш бигирад.
З-оташ гузарад ҳамчу Сиёвушу насӯзад,
Созад ҳадафи тир дилашрову намирад.

Иҷлосияи шонздаҳу минбари холӣ,
Иҷлосияи шонздаҳу миллати ҳайрон,
Омехта дарҳам ҳамагӣ курмаку шолӣ,
Овехта бо ҳам ҳама фарзонаву нодон.

Нохост зи толор ҷавоне батанутӯш
Бархост чу хуршеду баромад сари минбар.
Бо чеҳраи нурониву абрӯи кушода,
Бо қатъияти худгару атвори ғазанфар.

Не бо кашиши форсиву не дарии ҳарф,
Не бо газиши қолаби русии забон, ӯ
Бо лафзи тару тозаи тоҷикии шево
Овард ба толори дижи буҳтзада рӯ:

«Ман ораматон сулҳу Ватанро бикунам тинҷ,
Лозим шавад ар, мегузарам аз сари ҷонам,
Худрову ҷаҳонро нагузорам даме ором,
То миллати худро сари ваҳдат нарасонам».

Кӯтоҳ будаш нутқ, вале содаву фаҳмо,
Кӯтоҳ будаш нутқ, вале софу самимӣ.
Аз ҳарзаву аз лоф тиҳӣ буд забонаш,
Чун қавлу қасам кардани мардони қадимӣ.

Бо чашм қаду басти варо тай зада, диданд
Босинаву бопанҷаву бокитфу бабозуст.
Бо ақл гапашро ҳама санҷидаву гуфтанд;
«Онро, ки ҳама мунтазири ӯст, ҳамин ӯст».

Тоҷик, ки як умр ду дасташ ба Худо аст,
Бояд ба Худо оҳи дилаш корагар ояд.
Тоҷик, ки аз сангу зи куҳ давлати худ сохт,
Бояд ки чу кӯҳе дами ин бод бипояд!

Эмомалӣ зодаи Раҳмон зи дили халқ
Чун нийяти ҳасратшудаи сулҳ баромад,
Не, бози шаҳӣ бар сари китфаш нанишастаст,
Паймонаи сабри ҳама Меҳан ба сар омад!

Чилсола ҷавоне, ки чили ҳамватанон дошт,
Шуд чилланишини дили пуртобу таби хеш.
Бикшод ҳама кони ниҳони тану ҷонаш,
Зад такя ба пиндору ба ақлу адаби хеш.

Овози зи марғӯла ғаниаш ба дили халқ
Аз омадани Роҳнамо ғулғула афканд.
Шуд патпати беҳудагапон ҳеҷ ба наздаш,
Дар решаи бадхоҳи Ватан зилзила афканд.

Бо ӯ рухи тоҷик бишуд лаъли Бадахшон,
Карданд ба бар атласи суғдӣ ҳама хурсанд.
Гирд омада як-як ба сари гирдаи раштӣ,
Таъми намаки хатлии худро бичашиданд.

Тоҷи сари худ кард варо тоҷики боор,
Андар пайи ӯ рафт, касе меҳри Ватан дошт.
Ҷамъияти пуркину таассуб зи миён бурд,
Дар синаи мо базри накуиву вафо кошт.

Иҷлосияи шонздаҳум – муҷиби ҳастӣ,
Иҷлоси харидории ҷони ҳама миллат.
Иҷлосияи радди балои сари тоҷик,
Иҷлоси нигаҳдории давлат зи ҳалокат.

Бигзашт басе сол аз он маҷлису то ҳол
Он субҳи дамида, чи хушо, шом надорад.
То душмани тоҷик зи раъяш нагузаштаст,
Иҷлосияи шонздаҳ анҷом надорад.

Ноябрь 19, 2017 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид