Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва аҳамияти беназири он

Ноябрь 17, 2017 09:06

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад. Зеро ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат оварад, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Ин матлабро муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Шукрулло Хайров ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҷаласаи тантанавӣ баён дошт.

Зикр шуд, ки маҳз 25 сол муқаддам вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷамъ омада, дар ҷараёни ин Иҷлосия қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба он вобастагии амиқ дошт, қабул намуданд.

Дар ҷаласа Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «ин Иҷлосия барои он муҳим аст, ки ба фаъолияти қонунгузории давраи навини  Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз бо шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуданд. Баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави кишварро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Сарвари давлат, вакилони халқ ва Маҷлиси олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ, тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуд».

Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро гузошт. Он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, анҷоми беҳокимиятӣ арзёбӣ мегардад.

 

 

Ноябрь 17, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид