Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 марти соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои мақомот, дар доираи таҷлили иди матбуот гузаронидани суҳбат дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои журналистон», мулоқоти журналистони собиқадор бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ, аёдати журналистон ва матбаачиёни собиқадор, баргузор намудани озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ баргузор мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар озмуни мазкур кормандони воситаҳои ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд, ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ менамоянд, метавонанд ширкат варзанд. Ба озмун маводи муаллифӣ (муаллифон), ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, аз ҷумла, силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба дар матбуоти даврии қаламрави вилоят дар соли 2017 чоп шудаанд, низ пешниҳод карда мешаванд.
Ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар рӯзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик мукофотонида мешаванд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






