Мутахассисони соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табобат ва пешгирии бемории силро муайян мекунанд

Февраль 21, 2018 16:52

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.     Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 22-23 феврали соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Усули ба бемор равонагардидаи табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор   менамояд.

Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар семинар  қариб 100 нафар силшиносон, сиёсатмадорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи мазкур мубодилаи афкор намуда, таҷриба, дастовард ва сабақҳои гирифтаро дар самти мубориза бар зидди бемории сил ва усулҳои ба бемор равонагардида баррасӣ мекунанд.

Иштирокчиёни семинар ҳамчунин маҷмӯи чорабиниҳои афзалиятноки таъмини дастгирии устувор, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи усулҳои ба бемор равонагардидаро дар ташхис, табобат ва пешгирии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

 

 

Февраль 21, 2018 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст