Ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад
ДУШАНБЕ, 12.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нақши матбуот дар ташаккули афкори ҷомеа хеле назаррас буда, ба он таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷомеаро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад».
Вобаста ба Рӯзи матбуоти тоҷик омӯзгори шуъбаи журналистикаи телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Лутфулло Ниёзов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар давраи истиқлолият тавонист, ки афкори ҷомеаро боз ҳам мустаҳкам намуда, барои пешрафти он таъсиргузор бошад. Он аз рӯзи пайдоиш то имрӯз рисолати худро аз даст надодааст.
Бояд гуфт, ки рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии ба афкори ҷомеа таъсиррасон метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Тавре устод Садриддин Айнӣ дар ибтидои асри гузашта гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Ҳоло матбуоти тоҷик таърихи 106- сола дошта, поягузори он нахуст рӯзномаи сирф тоҷикии «Бухорои Шариф» мебошад, ки 11 марти соли 1912 рӯи чоп омада, яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми тоҷик дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад.
Мутаассифона, рӯзномаи мазкур то 3 январи соли 1913 умр дида, ҳамагӣ 153 шумора ба нашр расида буд.
«Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон матбуот ба сифати миёнарав байни ҳукумат ва ҷомеа мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100- солагии матбуоти тоҷик таъкид намуда буданд: «Дар ҳақиқат матбуот ва ВАО ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба ВАО ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд»»,- гуфт Лутфулло Ниёзов.
Матбуоти тоҷик се марҳила — давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлолро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ба таври назаррас рушд кардааст. Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт.
Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, имрӯз матбуоти тоҷик дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






